Қирғизистон/Тоҷикистон: Изҳороти намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар бораи даргириҳои ахири марзӣ ва оташбас

16.09.2022 EEAS Press Team

Рӯзҳои ахир дар қитъаҳои мухталифи марзи Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни марзбонон задухӯрди шадид ба вуқӯъ пайваст. Мо ба ҳамаи онҳое, ки бевосита осеб дидаанд, изҳори ҳамдардӣ менамоем.

Чунин вазъияти муташанниҷ дар марзи муштарак бар таназзули суботи минтақа меоварад. Иттиҳоди Аврупо аз созиши оташбаси рӯзи ҷумъа истиқбол мекунад. Мо даъват аз ҳар ду тараф мекунем, то иҷрои босамари созиши оташбасро таъмин намуда, барои паст кардани шиддати вазъият ва расидан ба ҳалли устувори ихтилофҳои мавҷуда тамоми қувваро ба харҷ диҳанд.

Тавассути Намояндаи вижаи мо дар Осиёи Марказӣ ва Намояндагиҳо дар ҳарду кишвар Иттиҳоди Аврупо бо мақомоти ду кишвар робитаҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Даъват аз он мекунем, ки ҳама гуна ихтилофот бо роҳи осоишта ва дипломатӣ ҳал карда шаванд.

Иттиҳоди Аврупо бори дигар пешниҳоди кӯмак ва дастгирии устувори сиёсии худро барои таъмини субот ва шукуфоӣ дар минтақа тасдиқ менамояд.

Peter Stano
Lead Spokesperson for Foreign Affairs and Security Policy
+32 (0)460 75 45 53