Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ

05.11.2021

Ба муносибати нахустин Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо иштироки шахсӣ, ки ба масоили барқарорсозии “сабз”, гузариш ба рақамикунонӣ ва беҳбудии муҳити соҳибкорӣ ва мутобиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оиди Осиёи Марказӣ, ки ба пешбурди устуворӣ, шукуфоӣ ва ҳамкории минтақавӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид, иштирокчиён тарафдории қавии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо мақсади дастгирии табодули иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба иқтисодиёти гуногуншакл ва рақобатпазир, ки аз ҷониби бахши хусусӣ идора карда мешаванд, ва метавонанд ҷойҳои корӣ барпо кунанд, ба занҷирҳои арзишии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳамроҳ шаванд, имкониятҳову асоси баробар барои ҳамаи субъектҳои иқтисодӣ фароҳам меоваранд, инчунин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар беҳтар ба роҳ мондани барқарорсозӣ кӯмак мерасонанд, тасдиқ намуданд.

Бо ин мақсад ва бо назардошти се самти афзалиятноки Форум, иштирокчиён:

  • Зарари харобиовари иқтисодӣ ва иҷтимоии пандемияи COVID-19-ро эътироф намуда, дастгирии назарраси Иттиҳоди Аврупоро дар доираи Барномаи вокуниш ба бӯҳрони COVID-19 дар Осиёи Марказӣ ва кӯмаки мустақими ИА дар доираи Барномаи минтақавии индикативӣ барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2021-2027 тасдиқ намуданд.
  • Аз дастгирии бардавоми Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути институтҳои молиявии Аврупо тариқи механизмҳои омехта, кӯмаки машваратӣ ва воситаи кафолати ИА истиқбол намуданд.

Оиди гузариш ба барқарорсозии сабз

  • Аз таъсири тағйирёбии иқлим ба вазъи захираҳои обу энергетикии Осиёи Марказӣ, ки ба рушди устувори минтақа таҳдид мекунад, изҳори нигаронӣ намуданд.
  • Ӯҳдадориҳои ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказиро, ки дар тадбирҳои қатъӣ дар сатҳи миллӣ оид ба коҳиш додани хориҷи газ ифода ёфтаанд, истиқбол намуда, инчунин аҳамияти саломатии аҳолии минтақаи Осиёи Марказиро қайд намуда, омодагии худро барои муборизаи муштараки минбаъда бо тағйирёбии иқлим ва зарурияти нигахдории гуногунии биологиро изҳор намуданд.
  • Иқтидори Осиёи Марказиро барои тавлиди энергияи барқароршавандаи тоза ва аз ҷиҳати иқлим бетараф, инчунин зарурати таҳия ва қабули стратегия, ки гузариш ба иқтисоди ихроҷи газ дар сатҳи сифрӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба энергияи барқароршаванда, ҳавасмандгардонии навоварӣ, ки коҳиши ихроҷҳо ва мусоидат ба савдои дохилиминтақавии барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро таъмин менамояд, эътироф намуданд.
  • Зарурати ҷалби маблағро барои фаъолиятҳои марбут ба муҳити зист ва тағйирёбии иқлим барои татбиқи лоиҳаҳои устувори «сабз ва иқлим» аз ҷониби бахшҳои иқтисодиёт барои гузариши тадриҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иқтисоди «сабз» эътироф намуданд.
  • Сармоягузориҳои экологӣ ва имкониятҳои муколамаро, ки дар ҳошияи Стратегияи ИА барои Осиёи Марказӣ, Барномаи об ва энергетикаи Осиёи Марказӣ, Барномаи ҳамкориҳои васеи минтақавӣ оид ба муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва захираҳои об, барномаи SWITCH-Asia, ки раванди гузариши кишварҳои Осиёи Марказиро ба истеъмол ва истеҳсоли устувор дастгирӣ менамоянд ва инчунин Фонди сармоягузории Осиёи Марказӣ, ки ба сармоягузории манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва идоракунии партовҳои маишӣ ва саноатӣ мусоидат мекунанд, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешаванд, таъкид намуданд. Онҳо ҳамчунин аз татбиқи барномаи «Робитаҳои устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ» истиқбол карданд.

 

Дар бораи пешбурди технологияҳои рақамӣ

  • Эътироф намуданд, ки пешрафт дар соҳаи рақамисозӣ шарти зарурии баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти системаи идоракунии давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи ҷалби шаҳрвандон дар равандҳои қабули қарорҳои давлатӣ ва мунисипалӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ мебошад. Ба ин манзур таҷриба ва дониши арзишманди Иттиҳодияи Аврупо таъкид шуд, ки метавонад ба табдили рақамии Осиёи Марказӣ ба таври қобили мулоҳиза мусоидат кунад.
  • Қабули стратегияҳои миллии рақамиро аз ҷониби тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқбол намуда, пешрафти ислоҳоти ахирро, бахусус дар соҳаи ҳукумати электронӣ, пеш аз ва дар давраи пандемия қайд намуданд. Зарурати таҳияи нақшаҳои амал ва ҳамоҳангсозӣ барои ҳамроҳӣ бо ин стратегияҳо ва қабули стратегияи мусоидро барои ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори устувор ва бехатари технологияи иттилоотии шабакавӣ (ТИШ), аз ҷумла сохтори фаромарзӣ таъкид карданд.
  • Зарурати баланд бардоштани сифат ва тавсеаи фарогирии ҳудудии инфрасохтори рақамӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи истифодаи Интернет бо мақсади таъмини дастрасии баробар ва имкониятҳои таълимӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ва соҳибкорон, бахусус дар деҳот, бо ин васила таҳкими ҳамбастагӣ ва коҳиши нобаробарии рақамӣ ва фарқиятҳои минтақавиро ёдрас шуданд
  • Аҳамияти ташаббусҳоро дар соҳаи мукаммал сохтани инфрасохтори рақамӣ, аз ҷумла барномаи Digital CASA-и Бонки Ҷаҳонӣ, инчунин дастгирии Иттиҳоди Аврупоро таъкид намуда, аз рушди экосистемаи баландсамари таълими рақамӣ, ки аввалин афзалияти стратегии Нақшаи амалиёти таҳсилоти рақамии ИА барои солҳои 2021-2027 мебошад, ва он ба зудӣ дар Осиёи Марказӣ озмуда мешавад, таъкид намуданд.
  • Аз табодули таҷриба миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи рақамисозӣ дар чунин бахшҳо, аз қабили хадамоти давлатӣ ва маҳаллӣ, иқтисод, маориф ва ғайра истиқбол намуданд.

 

Дар бораи ташкили муҳити солими тиҷорат

  • Тасдиқ намуданд, ки фазои солими соҳибкорӣ барои афзоиши шуғл ва гуногуншаклии истеҳсолот ва содироти мутақобила, аз ҷумла содироти маҳсулоти саноатӣ, барои пешбурди робитаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва таъмини рушди устувор ва фарогир муҳим аст. Иштирокчиён таъкид аз зарурати идомаи ҳамкориҳои муштарак дар самти ислоҳот барои беҳбудии фазои соҳибкорӣ дар Осиёи Марказӣ намуданд, масалан, тавассути Барномаи сармоягузории Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ («Центральная Азия Инвест»), аз ҷумла ҷузъи стратегии Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва тараққиёт.
  • Изҳори умедворӣ аз таҳкими минбаъдаи робитаҳои тиҷоратии байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баён намуда, барномаи нави ИА Ready4Trade-ро бо эътирофи таъсири мусбати он ба тиҷорат дар минтақа, аз ҷумла корхонаҳои хурд ва миёна (КХМ) қайд намуданд. Иштирокчиён аз зарурати кори минбаъда оид ба баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба фаъолияти содиротӣ ва рақобатпазирии корхонаҳои хурду миёна ёдовар шуданд.
  • Рағбати кишварҳои Осиёи Марказии ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои GSP-ро дар идомаи истифодаи афзалиятҳои GSP ё GSP+ пас аз ислоҳоти низом эътироф намуданд. Тамоми ширкаткунандагон ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ тавассути мусоидат ба гуногуншаклии савдои байни ҷонибҳо ва таҳкими ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба низоми тиҷорати байналмилалӣ даъват карданд, ки ҷолибияти сармоягузории Осиёи Марказиро бештар хоҳад кард, инчунин обрӯву шуҳрати онҳоро дар арсаи байналхалкӣ  баланд мебардорад.
  • аҳамияти мусоидат ва рушди тиҷорат тавассути ҳамоҳангсозии қоидаҳо, стандартҳои техникӣ ва низомҳои гумрукӣ дар асоси стандартҳо ва таҷрибаҳои байналмиллалӣ ва ИА дар заминаи иҷрои ӯҳдадориҳои Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) ва Созишномаҳои дуҷониба оид ба шарикӣ ва ҳамкории васеъ ва идомаи муколамаи байниминтақавӣ ва дохилиминтақавиро эътироф намуданд.
  • Бори дигар зарурати ислоҳоти мусоидаткунанда барои рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла барои рушд ва қонунигардонии корхонаҳои хурду миёна, бахусус дар соҳаҳои андозбандӣ, баланд бардоштани эътимоднокии ҳуқуқӣ, самаранокии низоми адлия ва таҳкими муколамаи байни соҳибкорон ва ҳукумат қайд намуданд. Иштирокчиён зарурати паст кардани сатҳи бюрократӣ ва ба тартиб даровардани механизмҳои риояи қоидаҳоро бо мақсади кам кардани бори бюрократӣ ва хароҷоти марбут ба бахши хусусӣ таъкид карданд.
  • зарурати пешравии минбаъдаи такмили идоракунии корпоративӣ, рушди муносибати бозоргонӣ ва хусусигардонии оқилонаи корхонаҳои давлатиро бо мақсади баланд бардоштани рақобатнокӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, мусоидат ба соҳибкорӣ ва ба рушди устувори иқтисодӣ тасдиқ намуданд.

 

Нигоҳе ба оянда

 

  • Иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки Форум барои фаъолияти мунтазами оянда ва пайгирии пешравӣ дар ҳар яке аз се самти афзалиятнок такон фароҳам меорад ва ҳамкории зичи дохилиминтақавӣ шарти муҳими татбиқи бомуваффақияти он хоҳад буд.
  • Эътироф шуд, ки Форум барои рушди вокуниши муштараки навоварии иқтисодӣ ба COVID-19 шароит фароҳам оварда, инчунин ба татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, дар гузариш ба иқтисоди сабз саҳм гузоштааст.
  • Ҳисоботи натиҷаи форум муҳокимаи ояндаро ба назар мегирад.
Peter Stano
Lead Spokesperson for Foreign Affairs and Security Policy
+32 (0)460 75 45 53