Тоҷикистон – пешрафт ба сӯи Созишномаи ҳамаҷонибаи шарикӣ ва ҳамкории густурда бо Иттиҳоди Аврупо

11.04.2024
Dushanbe, 9 April 2024
EEAS Press Team

 

Рӯзҳои 8 ва 9 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе даври сеюми музокироти Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба чаҳорчӯби нави фарогир барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба баргузор гардид.

Музокирот оид ба Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории густурда (EPCA), ки моҳи феврали соли 2023 мутобиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо–Осиёи Марказӣ оғоз шуда буд, марҳалаи муҳими равобити Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкории мутақобила нисбати муносибатҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, соҳаҳои асосии иқтисодиёт, инчунин волоияти қонун ва ҳуқуқҳои инсон инъикос менамояд.

Дар давраи сеюми музокирот ҷонибҳо ба натиҷаҳои назаррас расиданд. Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории густурдаи оянда Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро, ки аз соли 2010 амал мекунад, иваз хоҳад кард.

Музокиротро сармузокиркунандагон - ҷаноби Люк Девин, Муовини директори иҷроӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо (EEAS — хадамоти дипломатии Иттиҳоди Аврупо) ва ҷаноби Исматулло Насредин, Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ - роҳбарӣ намуданд. Гуфтушуниди бахшҳои тиҷоратии созишномаро хонум Неле Эйххорн, Роҳбари шӯъбаи Директорати генералӣ оид ба савдо дар Комиссияи Аврупо, ва ҷаноби Дилшод Шарифӣ, Сардори раёсати Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарӣ карданд. Дар ҳар ду ҳайат гуруҳҳои мутахассисон оид ба соҳаҳои савдо ва соҳавӣ дохил шуданд.

Nabila Massrali
Spokesperson for Foreign Affairs and Security Policy
+32 (0) 2 29 88093
+32 (0) 460 79 52 44
Pedro FONSECA MONIZ
Press Officer for Foreign Affairs and Security Policy
+32 (0)2 291 38 76
+32 (0)460 76 14 96