Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: 20-умин нишасти вазирони умури хориҷа дар Ашхобод баргузор шуд

27.03.2025 EEAS Press Team

Иттиҳоди Аврупо ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ тарафдории қавии сиёсии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ ва амиқтар кардани ҳамкориҳо дар нишасти 20-уми вазирони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки таҳти раёсати Кайа Каллас, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амният, рӯзи 27-уми марти соли 2025 дар Ашхободи Туркманистон баргузор шуд, тасдиқ намуданд. Дар он вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ва муовинони вазирони корҳои хориҷии Қазоқистону Қирғизистон ширкат доштанд.

Баёнияи муштарак дар ин пайванд дастрас аст.

Мулоқоти вазирон имкон дод, ки иҷроиши панҷ самти калидии Харитаи роҳ байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба амиқсозии робита, ки моҳи октябри соли 2023 қабул шудааст, арзёбӣ шавад. 

Вазирони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ташаббусҳои барҷастаи Global Gateway-и Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар чунин самтҳо, ба монанди савдо, нақлиёт, идоракунии захираҳои об, энергетика, тағйирёбии иқлим, рақамикунонӣ ва маводҳои хоми муҳимро баррасӣ намуданд. Тарафҳо рушди ҳамкориро дар робитаҳо байни одамон, аз ҷумла дар соҳаи маориф, таълими ихтисосӣ, тадқиқоти илмӣ ва такмили малакаҳо бар зимма гирифтанд.

Иштирокчиён бори дигар азми Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказиро барои эҳтиром гузоштан ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва принсипҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус эҳтиром ба истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ҳамаи давлатҳо тасдиқ карданд. Ҷонибҳо ба зарурати фаврии ноил шудан ба сулҳи ҳамаҷониба, одилона ва пойдор дар Украина бар асоси принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид таъкид карданд ва ваъда доданд, ки ҳамкориҳои наздикро дар ҳалли масъалаи риоя нашудани таҳримҳо идома хоҳанд дод.

Аҳамияти ҳамкориҳои амиқтар дар ҳалли чолишҳои муштараки амниятӣ, аз ҷумла мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, ифротгароии хушунатомез, радикализатсия ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз қабили ҳаводиси Афғонистон низ баррасӣ шуд.

Ҳамчунин омодагӣ ба нишасти нахустини Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки 4 апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор мешавад, баррасӣ шуд. Ҳамоиш омодагии сиёсиро барои ҳамкории стратегии амиқтар байни ду минтақа дар сатҳи олии сиёсӣ бори дигар тасдиқ хоҳад намуд.

 

Маълумоти иловагӣ

Дар соли 2019 Иттиҳоди Аврупо Стратегия нисбати Осиёи Марказиро (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон) қабул кард, ки аҳамияти афзояндаи стратегии минтақа таъкид мегардад.

Аз соли 2019 ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар бисёр соҳаҳо инкишоф ёфта, ҳамчун намунаи шарикӣ барои устуворӣ, шукуфоӣ ва устуворӣ хизмат мекунанд. Ташаббусҳои нави Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Global Gateway ва Аҳдномаи сабз, чаҳорчӯбаи гузаришҳои сабз ва рақамиро ҳангоми афзоиши сатҳи тиҷорат, сармоягузорӣ ва пайвастшавӣ таъмин мекунанд. Муносибатҳои дуҷониба дар заминаи Созишномаҳои шарикӣ ва ҳамкориҳои густурда инкишоф ва такмил ёфтанд. Моҳи октябри соли 2023 Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ Харитаи роҳро оид ба амиқгардонии равобит қабул карданд, ки дар он панҷ самти калидӣ барои таҳкими муносибатҳои умумии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ тавассути муколама ва ҳамкории амалӣ муайян шудааст. Ин харитаи роҳ инчунин тааҳҳуди Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои манфиати мутақобила нишон медиҳад.

Anitta Hipper
Lead Spokesperson for Foreign Affairs and Security Policy
+32 (0) 2 298 56 91
+32 (0) 460 76 14 21
Pedro FONSECA MONIZ
Press Officer for Foreign Affairs and Security Policy
+32 (0)2 291 38 76
+32 (0)460 76 14 96