European Union External Action

Изҳороти Сухангӯи Иттиҳоди Аврупо бахшида ба 25-солагии Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Bruxelles, 09/09/2016 - 06:00, UNIQUE ID: 160908_4
Statements by the Spokesperson

Statement by the Spokesperson on the 25th Independence Day of the Republic of Tajikistan

Иттиҳоди Аврупо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 25- солагии эъломияи истиқлолияти давлатияш табрик мекунад.

Иттиҳоди Аврупо раванди ислоҳотро дар Тоҷикистон фаъолона дастгирӣ намуда, барои ривоҷи муносибатҳои дарозмӯҳлат баҳри рушди босуботу амнияти кишвар дар асоси "Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ"-амон ва ҳамчунин "Стратегияи Иттиҳоди Аврупо нисбати Осиёи Марказӣ" ҳозир аст.

Таҳкими равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ мавзӯъи асосии Вохӯрии дарпешистодаи вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Ин вохӯрӣ, ки 4 октябр дар шаҳри Брюссел таҳти раёсати Намояндаи Олӣ ва Ноиб-президенти Комиссияи Аврупо хонум Федерика Могеринӣ дар арафаи конфронси Брюссел бахшида ба масоили Афғонистон баргузор мегардад, бори дигар аз муносибатҳои зич бо шарикони мо дар Осиёи Марказӣ гувоҳӣ медиҳад.