European Union External Action

Системаи ташаккулёфтаи идоракунии партовҳо дар Зарафшон. Ифтитоҳи партовгоҳи водии Пасруд

Айнӣ, Тоҷикистон, 24/08/2020 - 15:00, UNIQUE ID: 200825_1
Press releases

Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо барои таъсис додани системаи ташаккулёфтаи идоракунии партовҳо бо аҳолии таҳҷоии деҳаҳои Айнӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Waste deposit site Ayni

 

Дар доираи фаъолиятҳои худ оид ба ҳифзи муҳити зист, дар доираи лоиҳаи “Тақвият бахшидани идоракунӣ ва ҳифзи манбаъҳои обӣ ва табиии болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон”, ки Иттиҳоди Аврупо маблағгузори он мебошад, ташкилоти итолиёвии Чезви, шарики консорсиуми Агроаксияи Олмон, барои таъсис додани системаи ташаккулёфтаи идоракунии партовҳо, бо аҳолии таҳҷоии деҳаҳои зерҳадаф, ҳамкориро ба роҳ мондааст. Системае, ки таъсис дода шудааст ва барои истифода омода аст, дар мавзеи Шоме, дар наздикии деҳаи Шурмашк қарор дошта, он чаҳор деҳаҳои Пинён, Шурмашк, Пасруд ва Марғузорро бо партовгоҳи ғунҷоишаш 400 м3, ки барои партовҳои хонаводагӣ пешбинӣ шудааст, мепайвандад. Нигоҳубин ва истифодаи ин система таҳти назорати ҷамоати Фондарё, қарор дорад.

Кормандони Чезви барои аҳолии деҳа оид ба ҷудокунии партовҳо ва компост кардани партовҳои органикӣ дар доираи ҷараёни банақшагирии ташкили системаи мукаммали идоракунии партовҳо, омӯзишҳо гузарониданд. Инчунин ҳангоми назорати сохтмони партовҳо дар ибтидои соли 2020, бо мақсади коҳиш додани бепарвоёна партофтани партовҳои маишӣ дар соҳилҳои дарёҳо ва инчунин коҳиш додани таъсири манфии чунин партовҳо ба саломатии аҳолии маҳаллӣ, масъул буданд.

 

Waste deposit site Ayni

 

Аҳолии чаҳор деҳа бо дастгирии ташкилоти Чезви  тасмим гирифтанд, ки дар ҳар як деҳа маъракаи тозакунӣ гузаронанд, инчунин кушодашавии партовгоҳ ва умуман истифодаи партовгоҳи мазкурро, оғоз кунанд.

Аҳолӣ партовҳои парешону парокандаро аз деҳаҳо ва соҳили дарёҳо ҷамъ намуданд ва қисман партовҳои хонагии худро ба партовгоҳи ниҳоӣ, интиқол доданд. Тақрибан 3 м3 миқдори партовҳои аз чаҳор деҳаҳо ҷамъ кардашуда, дар қитъаи нави партовгоҳ, партофта шуданд.

Дар ин чорабинӣ ба ғайр аз аҳолии таҳҷоӣ, боз намояндагон аз ҳукумати ноҳияи Айнӣ – ҷаноби Қаноатов З., ҷаноби Давлатов Ш. аз МНДСЭ ва ҷаноби Содиқов А. аз бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ, инчунин наворбардорон аз телевизиони Тоҷикистон дар водии Зарафшон ва маҷаллаи “Файзи Зарафшон” низ дар маросими ифтитоҳ ва маъракаи тозакунӣ, ширкат варзиданд. Ҷаноби Қаноатов З. барои таъсиси системаи мукаммали идоракунии партовҳо дар водии Пасруд изҳори сипос намуда, ба истифодабарандагони оянда дар бораи муҳимияти ҷудо кардани партовҳо аз манбаъ ба партовгоҳро, ёдовар шуд.

 

Waste deposit site Ayni

 

Бо дарназардошти тавсияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар айни замон канораҷӯи  кардан аз ҷамъомадҳои зиёдро талаб мекунад, Чезви аҳолии деҳа ва намояндагони ҷамоати Фондарёро барои баргузор намудани маросими ифтитоҳи партовгоҳ бо тамоми чораҳои зарурӣ, дастгирӣ намуд.

 

Тамос:

Консорсиуми Агроаксияи Олмон  

Йоахим Бёниш

Ҳамоҳангсози лоиҳа 

Кӯчаи Рӯдакӣ, ноҳияи Айнӣ, Тоҷикистон  

Суроғаи электронӣ: Joachim.boenisch@welthungerhilfe.de

Қисми муҳаррирон: