European Union External Action

Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои дутарафаро баррасӣ намуданд

Brussels, Dushanbe, 28/07/2020 - 12:45, UNIQUE ID: 200728_6
Press releases

Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳаштуми Кумитаи ҳамкории худро 28 июли соли 2020 баргузор карданд.

Мулоқот тавассути видеоконфронс байни Брюссел ва Душанбе бино ба маҳдудияти сафар дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба амал омад.

Иттиҳоди Аврупо дастгирии худро аз равандҳои ислоҳот, ки ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон равона шудаанд ва ӯҳдадории таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла омодагӣ ба равандҳои нави дуҷониба - гуфтушунидҳо оид ба GSP + (Системаи ягонаи афзалиятҳо) ва EPCA (Созишномаи мукаммали шарикӣ ва ҳамкорӣ) бори дигар тасдиқ намуд. Ҷониби Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупо барои саҳми 48 миллион евро дар доираи бастаи Team Europe, ки 11 апрели соли равон эълон гардид, изҳори ташаккур намуд. ИА ин маблағҳоро дар доираи бастаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи рушд ба миқдори 112 миллион евро барои кӯмак ба Тоҷикистон ҷиҳати вокуниши таҳдиди коронавирус ва қонеъ кардани ниёзҳои дарозмуддати соҳаҳои тандурустӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ барои беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ пешниҳод кардааст.

Ҳарду ҷониб таъсири пандемияи COVID-19 ба Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои идоракунӣ, озодиҳои шаҳрвандӣ, ҳуқуқи инсон, вазъи иқтисодӣ ва осебпазирии иҷтимоиро баҳо доданд, то Иттиҳоди Аврупо тавонад дурнамо ва ҳадафҳои рушдро барои ҳалли эҳтиёҷоти муҳимтарин ва омилҳои хавф мутобиқ кунад. ИА аз мақомоти Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки равандҳои ислоҳотро тақвият бахшанд ва нишондиҳандаҳоро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ беҳтар созанд.

ИА инчунин муҳимияти озодии матбуот ва ВАО, аз ҷумла интернети кушода ва аҳамияти мақомоти Тоҷикистонро барои фароҳам овардани фазои мусоид барои фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ дар кишвар таъкид кард. ИА саҳми муҳимеро, ки ҷомеаи мустақили шаҳрвандӣ метавонад ба устувории иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар шароити бӯҳрон расонад, қайд кард.

Иттиҳоди Аврупо аз он изҳори таассуф кард, ки Тоҷикистон алайҳи тамдиди мандати Намояндаи кунунии САҲА оид ба озодии ВАО ва Директори Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар изҳори назар кард.

ИА қайд кард, ки барои фароҳам овардани имконияти беҳтарини татбиқи барномаи GSP +, Тоҷикистон бояд ба муколамаи пеш аз татбиқ, алахусус дар татбиқи самарабахши 27 конвенсия дар бораи ҳуқуқи инсон ва меҳнат, муҳити зист ва идоракунии хуб, ҳамроҳ гардад. Тоҷикистон қобилияти болои афзоиши гардиши савдо бо Иттиҳоди Аврупоро эътироф карда, ваъда додааст, ки фазои соҳибкориро беҳтар мекунад ва ба меъёрҳои зарурӣ барои татбиқи бомуваффақияти системаи афзалиятҳои GSP + мувофиқат мекунад.

ИА ӯҳдадории худро оиди идома додани ҳамкориҳои рушд бо Тоҷикистон бори дигар тасдиқ кард ва эълон кард, ки айни замон нақшаҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои сеюмро барои солҳои 2021-2027 тартиб дода истодааст.

Ҷонибҳо натиҷаҳои барномаҳои ҷорӣ ва ба нақша гирифташудаи ҳамкорӣ оид ба рушдро ҷамъбаст намуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкориро барои давраи оянда баррасӣ карданд.

Ҷаласаи Кумитаи ҳамкорӣ таҳти раисии Люк Пйер Девин, иҷрокунандаи вазифаи директори иҷроияи Русия, Шарикии Шарқӣ, Осиёи Марказӣ, Ҳамкории Минтақавӣ ва САҲА дар Хадамоти корҳои берунаи Аврупо ва Абдураҳмон Сафаралӣ Абдураҳмонзода, Муовини Вазири рушди иқтисод ва Савдои Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки Кумитаи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар соли 2021 дар Душанбе, дар ҳолатҳои имконпазир, дар шакли муколамаи рӯй ба рӯй баргузор намоянд.

Қисми муҳаррирон: