European Union External Action

Лоиҳаи нав барои таҳкими сулҳ ва субот дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз ёфт

Dushanbe, 13/01/2020 - 13:08, UNIQUE ID: 200113_4
Press releases

Лоиҳаи нав барои таҳкими сулҳ ва субот дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз ёфт

Critical Infrastructure to Contribute to Stability and Peace in Khorog

 

Санаи 10 декабри соли 2019 муаррифии лоиҳаи "Мусоидат ба сулҳу субот тавассути сохтмони инфросохтори муҳим дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо иштироки раиси ВМКБ, мӯҳтарам Ёдгор Файзов баргузор гардид.

 

Маблағи умумии лоиҳа 1,800,000 евро (19,342,273.02 сомонӣ) буда аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда шудааст. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Фонди тоҷикистонии Оғохон, Агентии Оғохон оид ба макони зист ва Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон (БҶИИМК) дар ҳамкории зич бо мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ВМКБ, ва ҳукумати шаҳри Хоруғ амалӣ шуда истодааст ва 18 моҳ (1 октябр 2019 – 31 марти 2021) давом меёбад.

 

Ҳадафи асосии лоиҳа ин беҳбуд бахшидан ба сулҳу субот дар шаҳри Хоруғ тавассути бунёд намудани инфрасохтори иҷтимоии посухгӯ ба эҳтиёҷоти мардум буда, тавассути барнома муколомаи муштараки ҷомеа ва махсусан ҷавонон бо мақомоти маҳалии ҳокимияти  давлатӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор ба хотири рушд роҳандозӣ мегардад. Фаъолиятҳо дар нигоҳ доштани сулҳу субот саҳми босазо гузошта, хизматрасониҳо ва инфрасохторҳои ҷамъиятиро беҳтар менамоянд ва имконияти ташкил намудани ҷойҳои кории муваққатӣ барои ҷавононро тавассути корҳои сохтмонӣ фароҳам меоваранд. Дар умум лоиҳа дар беҳтар намудани сифати зиндагии мардуми шаҳри Хоруғ саҳмгузорӣ менамояд.

 

Натиҷаҳои дилхоҳи лоиҳа аз инҳо иборатанд:

 

•          Беҳтар намудани шароити таълим барои хонандагони мактаб тавассути сохтмони бинои муасcисаи таҳсилоти умумии №5 дар кӯчаи Саидмир Абдураҳмонови шаҳри Хоруғ;

•          Муҳайё сохтани шароити дастрасӣ ба марказҳои варзишӣ барои кӯдакон ва ҷавонони шаҳри Хоруғ тавассути бунёди шаш адад майдончаи варзишӣ-фароғатӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ;

•          Таъмин намудани аҳолии маҳаллаи Бизмич бо оби нӯшокӣ тавассути сохтмони шабакаи оби нӯшокӣ ва пайваст намудани ҳар як хоҷагии алоҳида ба системаи обтаъминкунӣ аз тариқи ҳисобкунак барои истифодаи самароноки об;

•          Коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ тавассути амалӣ намудани лоиҳаи хурди  соҳилмустакамкунӣ дар маҳаллаи Шарифободи шаҳри Хоруғ;

•          Ҷалб намудани гуруҳҳои чавонон ва шарикони лоиҳа ба чорабиниҳои гуногун, аз қабили гузаронидани маҷлисҳои ҳамоҳангсозӣ, омӯзишҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ, воқифгардонӣ оиди беҳдошт, таъмин намудани нигоҳубин ва идоракунии пойдори инфрасохторҳои бунёдшуда, ки таъсири лоиҳаи мазкурро беҳтар менамояд.

 

Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён фаъолиятҳои лоиҳа, нақшаҳо ва мушкилотҳои эҳтимолии лоиҳаро мавриди муҳокима қарор доданд ва роҳҳои бартараф кардани ин мушкилотро баррасӣ намуданд. Дар анҷоми ҷаласа, раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов ҳамаро бо оғози лоиҳа табрик намуда изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳои қавӣ миёни мақомоти маҳаллӣ ва оҷонсиҳои Шабакаи Оғохон оид ба рушд дар пешбурди сулҳу субот ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардум дар шаҳри Хоруғ самаранок идома дода мешаванд. Вай инчунин оиди муҳимияти ҳамкории самараноки тарафҳои манфиатдори ин лоиҳа изҳори ақида намуда аз кормандони давлатӣ дархост кард, ки  иҷрои саривақтии чорабиниҳои дар доираи лоиҳаи мазкур пешбинишударо ҳаматарафа дастгирӣ намоянд, то дар давоми 18 моҳи давомнокии лоиҳа натиҷаҳои гузошташуда амалӣ шаванд.

 

 

Барои гирифтани маълумоти муфассал: Кошиф Риҷабеков koshif.rijabekov@akdn.org

 

Languages:
Қисми муҳаррирон: