European Union External Action

Форуми минтақавии соҳибкорӣ оиди мустаҳкам намудани ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ

Dushanbe, 13/12/2019 - 07:12, UNIQUE ID: 191213_5
Press releases

Форуми минтақавии соҳибкорӣ оиди мустаҳкам намудани ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ

Форуми сохибкории "Таквияти ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ҳамчун омили ташаккули рушди босифати иқтисодиёти рақамӣ" намояндагони мақомоти давлатӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусиро гирд овард. Дар доираи лоиҳаи NICE-TAK чорабинӣ бо ташаббуси Клуби Соҳибкории Бишкек, Шӯрои рушди тичоратӣ ва соҳибкорӣ дар назди Торага Жогорку Кенши Қирғизистон, Бонки Миллии Қирғизистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд гузаронида шуд.

 

Конфронс 21 ноябри соли 2019 дар меҳмонхонаи Sheraton Bishkek баргузор гардид.

 

Мақсади асосии чорабинӣ ин муайян намудани мушкилоте, ки ба ҳамкориҳои байни ҷомеаи соҳибкорӣ ва мақомоти давлатӣ таъсир мерасонанд ва инчунин кор дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.

 

Дар ин чорабини намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши соҳибкорӣ баромад намуданд, ки дар ташаккули сиёсати давлатӣ оид ба ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, ки ба таҳкими устувории ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, таъмини суботи касбӣ ва молиявӣ, инчунин тавсеаи иштироки онҳо дар раванди танзими фаъолияти соҳибкорӣ равона карда шудаанд, бевосита иштирок менамоянд.

 

Дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои ҳамкориҳои ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ бо парлумони кишвар ва самарабахшии чунин муколама матраҳ гардиданд. Бояд қайд кард, ки пас аз гузаштани Ҷумҳурии Қирғизистон ба шакли парлумонии ҳокимият ва нақши фаъоли Жогорку Кенеш дар пешрафт ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ барои пешбурд ва рушди соҳибкорӣ афзун гардида, инъикоси худро дар намунаҳои бисёри ҳамкории хуби хайати депутатӣ ва муҳити соҳибкорӣ ёфтаанд.  

 

Яке аз масъалаҳои муҳими форуми гузашта ин рушди институти худтанзимкунии фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон буд.

 

Дар байни шаклҳои нави танзими соҳибкорӣ тамоюли ҷаҳонӣ муваффақияти худтанзимкунии соҳибкориро аз ҷониби ассотсиатсияҳои соҳавӣ нишон медиҳад. Дар Қирғизистон зарурати ин шакли танзим ба вуҷуд омадааст, ки аз давлат фавран таҳия кардани сиёсати мувофиқро талаб мекунад. Амалияи ватанӣ аллакай дорои якчанд таҷрибаҳои бомуваффақияти худтанзимкунӣ мебошад, ки минбаъд аҳамият ва муҳим будани ҳалли ин масъаларо аз ҷониби мақомоти давлатӣ тасдиқ мекунад.

 

Намояндагони як қатор соҳаҳо масъалаҳои татбиқи худтанзимкуниро дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо истифода аз намунаҳои баъзе намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ ба миён гузоштанд.

 

Хулосаҳое, ки дар рафти форум қабул карда шуданд, дар карордод муайян карда мешаванд, ки баъдтар барои ҳама ҷонибҳои сеюм нашр шуда, барои кабули карори мувофиқ ба Парлумон, Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон фиристода мешаванд.

 

Лоиҳаи NICE-TAK “Равобити ташкилотҳои дастгирии соҳибкорӣ ва корхонаҳои рақобатпазир дар Тоҷикистон ва Қирғизистон” аз ҷониби консорсиуми байналмилалӣ амали карда мешавад, ки ба ҳайати он ташкилотҳои зерин дохил мешаванд: Ташкилоти ғайридавлатии байналмилалии итолиёии CESVI, Бизнес Клуби Бишкек (БКБ), Ассотсиатсияи Миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон (АМСХМ), Ассотсиатсияи Миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ). Консорсиуми мазкурро ташкилоти ғайридавлатии олмонии sequa gGmbH идора мекунад.

 

Мақсади асосии лоиҳа ин баланд бардоштани сатҳи рушди корхонаҳои хурд ва миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон буда, диққати махсус ба рушди соҳаи ҳунармандӣ нигаронида шудааст. Ин мақсад тавассути бунёди иқтидор ва дастгирии ташкилотҳои тиҷоратии миёнарав дар Точикистон ва Қирғизистон ба даст оварда мешавад.

 

Барои маълумоти иловаги тамос гиред:

 

Айбек Патиев – Менечери барномавии Клуби Сохибкории Бишкек, раками телефон: +996 312 580 520, сурогаи электрони: po@bdk.kg

 

Қисми муҳаррирон: