European Union External Action

Суханронии Доналд Туск, Президенти Шӯрои Аврупо, пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Dushanbe, 30/05/2019 - 15:30, UNIQUE ID: 190531_4
Remarks

Суханронии Доналд Туск, Президенти Шӯрои Аврупо, пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Аввалан иҷозат диҳед, Президент Раҳмон, дӯсти азизам, барои меҳмоннавозӣ ва пазироии хело хуш дар  мамлакати зебои Шумо ва сӯҳбати хуб бо Шумо изҳори сипос намоям.  

 

Сафари ман бевосита баъд аз қабул шудани Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо нисбати Осиёи Марказӣ сурат мегирад. Ман якум Президенти Шӯрои Аврупо мебошам, ки ба Тоҷикистон ташриф меоварад ва ин боз як рамзи тасмимоти мо оиди бунёди шарикии зич бо Шумо ва тамоми минтақа мебошад.

 

Ҷойгиршавии стратегии мамлакати Шумо дар миёни Аврупо ва Осиё ва равандҳои мусбие, ки ба наздикӣ дар ин минтақа сурат гирифтанд, барои шарикии зичтар ва муосир имкониятҳоро фароҳам меоваранд. Мо ин шарикиямонро хело қадрдонӣ карда, мехоҳем он минбаъд ривоҷ ёбад.

 

Иттиҳоди Аврупо хозир аст, ки стандартҳои баланд, сармоягузории босифат, имкониятҳоро дар соҳаи маориф ва тиҷорат ва рушди нақлиёт, энергетика ва алоқаҳои рақамӣ бо эҳтироми томи мустақилият ва манфиатҳои Шумо пешниҳод менамояд.

 

Як сабаби ташрифи ман ба инҷо ин аст, ки ман медонам то чи андоза Шумо барои амнияти тамоми минтақа муҳим мебошед. Ман барои имконияти имрӯз дидани сарҳади Афғонистонро миннатдорам. Ба ман аслан талошҳои Шумо дар ҳифзи ин сарҳад таъсирбахш аст. Ман бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки мо ба таври ҷиддӣ кӯмаки хешро дар чорчӯбаи Барномаи идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказиро зиёд мекунем.

 

Иттиҳоди Аврупо тасмим дорад, ки бо тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ифротгароии хушунатомез ҳамкорӣ намояд.

 

Имрӯз ман инчунин пиряхҳои Помирро дидаам.  Ба ман зебоии табиати мамлакати Шумо ва ҳамчунин таъсири аёни тағирёбии иқлим маълум шуд. Оқибатҳои тағирёбии иқлим на танҳо ташвиши бузург барои мамлакати Шумо, балки барои тамоми минтақа ва ҷаҳон мебошад. Иттиҳоди Аврупо муборизаро бар зидди тағирёбии иқлим идома хоҳад дод ва ман боварӣ дорам, ки Тоҷикистон дар ин самт шарики беҳтарин хоҳад буд.

 

Дар ин робита, иҷозат диҳед баён намоям, ки талошҳои мамлакати Шумо дар идоракунии минтақавии захираҳои обӣ қадршиносӣ мешаванд.

 

Мо бо Президент Раҳмон инчунин муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намудем. Ман гуфтам, ки Иттиҳоди Аврупо омода аст, ки дастрасии Тоҷикистонро ба бозорҳои Аврупо ҳар вақте, ки шароитҳои зарурӣ иҷро шаванд, беҳтар намояд ва Шумо ҷаноби Президент медонед, ки ман чиро дар назар дорам. Мо инчунин дурнамои баррасии созишномаи нави дуҷонибаро муҳокима намудем. Дар муносибатҳои мо ин қадами мусбӣ хоҳад буд.

 

Ҷаноби Президент таърихи Полша ва Тоҷикистон ва муборизаи мо барои озодии мамлакатҳои худ шабоҳатҳои бисёреро доранд. Ҳуқуқи инсон қисми муҳими ин таърих аст. Ҳадафи олии ҳар як сиёсатмадор ин таъмини амният ва ҳамчунин ҳуқуқҳои инсон ва озодӣ ба шумор меравад.  Барои ба ин ҳадаф расидан - қувват, шуҷоат ва иродаи хуб лозиманд. Ҷаноби Президент Шумо ҳамаи ин сифатҳоро доред. Ман инчунин мехостам аҳамияти нақши шахсии Шуморо ва нақши мамлакати Шуморо дар таъмини суботи сиёсӣ на танҳо дар худи Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа таъкид намоям. Бинобар мавқеъи ҷуғрофии мамлакати Шумо, фаъолияти Шумо на танҳо барои ин диёр, балки барои тамоми минтақа аҳамияти хело калон дорад. Дар асл, саъю кӯшишҳои Шумо, фаолияти Шумо, нуфузи Шумо дар сатҳи ҷаҳонӣ нағз ҳисс карда мешавад. Дар ин талошҳо барои таъмини амну субот Шумо ҳамеша метавонед ба Аврупо ва шахсан ба ман такя намоед.

 

Муҳтарам Президент, иҷозат диҳед, ки дар охир барои меҳмоннавозӣ ва пазироии хуш бори дигар ба Шумо изҳори сипосгузорӣ намоям. 

Инчуни назар кунед

Қисми муҳаррирон: