European Union External Action

Намояндаи Олӣ/Муовини Раиси Комиссияи Аврупо Федерика Могеринӣ ва Вазири Иттиҳоди Аврупо Невен Мимитса ба Осиёи Марказӣ сафар мекунанд

Bruxelles, 08/11/2017 - 11:52, UNIQUE ID: 171108_6
Press releases

Намояндаи Олӣ Федерика Могеринӣ ва Вазир Невен Мимитса ба Осиёи Марказӣ сафар мекунанд

Рӯзи ҷумъа, 10 ноябри соли ҷорӣ Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният/Муовини Раиси Комиссия Аврупо Федерика Могеринӣ ва Вазири Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои рушду ҳамкориҳои байналмилалӣ Невен Мимитса ба шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон барои иштирок дар 13-умин вохӯрии вазирони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ сафар мекунанд.

 

Қабл аз сафар, Намояндаи Олӣ ва Муовини Раиси Комиссия Аврупо Могеринӣ гуфт: "Осиёи Марказӣ барои Иттиҳоди Аврупо аҳамияти стратегӣ дорад. Дар масъалаҳои гуногун, аз амният то мубориза алайҳи тундгароӣ ва ифротгароӣ, аз тиҷорат то дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои минтақа шарикони зич мебошанд. Вохӯрии ҳарсолаамон ба мо имкон медиҳад, ки дастовардҳои соли гузашта баррасӣ карда, ба барномаи нав ҷиҳати дастгирии тарааққиёт, амну субот дар минтақаҳои мо баҳри манфиати шаҳрвандонамон муҳокима намоем.
 

Вазир Мимитса гуфт: "Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ шарики асосӣ аст ва мо омодаем, ки ҳамкориямонро бо ин минтақа таҳким диҳем. Тақрибан бо 1.2 миллиард евро чун ёрӣ то соли 2020, мо барои рушди устувори ин минтақа кӯмак мерасонем. Дар якҷоягӣ бо шарикони Осиёи Марказиамон, мо ташаббусҳо ва ислоҳотеро, ки ба ташкили ҷойҳои корӣ, рушди бахши хусусӣ, ҷалби сармоягуғорӣ, идоракунии хуб, идоракунии захираҳои обӣ, ривоҷи соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва идоракунии сарҳадот равона карда шуданд, дастгирӣ мекунем."

Вохӯрӣ асосан ба масъалаҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, инчунин ба нақши Иттиҳоди Аврупо дар минтақа, нигаронида мешавад, баъд аз он Намояндаи олӣ/Муовини Раиси Комиссия Аврупо дар якҷоягӣ бо мизбони вохӯрӣ - Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон - соати 12:00 бо вақти аврупои марказӣ - нишасти кӯтоҳи матбуотиро мегузаронад.


Инчунин, дар Самарқанд Намояндаи Олӣ/Муовини Раиси Комиссия Аврупо хонум Могеринӣ дар конфронси "Осиёи Марказӣ: гузашта ва ояндаи муштарак, ҳамкорӣ баҳри рушди устувор ва шукуфоии якҷоя" суханронӣ мекунад. Ӯ низ як қатор мулоқотҳоро, аз ҷумла бо Президенти Ӯзбекистон ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, анҷом хоҳад дод.

 

Як рӯз пеш аз ин, рӯзи панҷшанбеи 9 ноябри соли равон Намояндаи Олӣ/Муовини Раиси Комиссия Аврупо ба шаҳри Бишкек сафар карда, онҷо бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаноби Алмазбек Отамбоев, бо Президенти тозаинтихоби ин кишвар ҷаноби Сооронбой Жээнбеков, ки 15 октябр интихоб шудааст, бо Сарвазири  Қирғизистон ҷаноби Сапар Исаков во мехӯрад. Ин сафар як моҳ пас аз қабул шудани қарори Шӯрои Иттиҳоди Аврупо оид ба оғоз намyдани гуфтушунидҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва Қирғизистон атрофи созишномаи нави дуҷониба, калону фарогир, сурат мегирад.

Ин сафар дар сомонаи Иттиҳоди Аврупо EbS равшан мешавад. Варақачаҳои иттилоотӣ дар бораи муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо бо Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва бо тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ дастрас мебошанд.