European Union External Action

Тарзи муроҷиат ба тендерҳои EEAS

28/02/2017 - 08:33
Overview

Оё шумо ба яке аз тендерҳо таваҷҷӯҳ доред? Тарзи муроҷиат ба тендерҳои Хадамоти Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ (EEAS)-ро бинед.

Тендерҳои дорои арзиши паст ва миёна

Агар шумо ба яке аз тендерҳои дорои арзиши паст ва миёна таваҷҷуҳ дошта бошед, пас шумо метавонед таваҷҷуҳи худро тавассути ирсол намудани маълумот дар бораи тамоси худ:

  • номи корхона,
  • суроға,
  • шахс барои тамос,
  • нишонаи электронӣ

ба нишонаи электроние, ки барои ҳар як тендер мушаххас шудааст, изҳор кунед. Лутфан, сарлавҳа ё мавзӯи тендереро, ки шумо ба он таваҷҷӯҳ доред, дар “мавзӯи” паёми электронии худ нависед.

Баъд аз анҷом ёфтани мӯҳлати изҳори таваҷҷӯҳ, шумо ба рӯйхати операторони иқтисодие (субъектҳои хоҷагидорӣ) дохил карда мешавед, ки ба онҳо даъватнома ба тендер бо маълумот дар бораи тарзи пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳо ба тендер ирсол карда мешавад.

Тендерҳои баландарзиш

Агар шумо ба яке аз тендерҳои баландарзиш таваҷҷӯҳ дошта бошед, лутфан, ба сомонаи Маҷаллаи расмии Иттиҳоди Аврупо гузаред, ки дар онҷо огоҳӣ дар бораи бастани шартнома нашр карда мешавад. Вақте ки тендер эълон мешавад, маълумот дар бораи тарзи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ба тендер дар як огоҳӣ дар бораи бастани шартнома нашр карда мешавад. 

Дар поён шумо баъзе маълумоти муҳим дар бораи категорияҳои шартномаҳоро вобаста аз арзиши арзёбишудаи шартнома меёбед Хадамоти Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ (EEAS), аз ҷумла ҳайатҳои ИА таҳти муқаррароти Қоидаҳои молиявие қарор мегиранд, ки нисбат ба буҷети умумии ИА, Қоидаҳои пешниҳоди ариза ва қоидаҳои ИА оид ба идоракунии тартибҳои пешниҳоди шартномаҳои давлатӣ татбиқпазир мебошанд.

Шартномаҳои хариди маҳсулот, хизматрасониҳо ва корҳо, ки арзишашон зиёда аз 1000 евро мебошад, бояд тавассути тендерҳо иҷро карда шаванд. Вобаста аз арзиши тахминии шартнома, категорияҳои шартномаҳои зерин вуҷуд доранд:

  • Шартномаҳои арзишашон камтарин: шартномаҳои иҷрои кор, хизматрасониҳо ва таъминот бо арзиши аз 1000 то 15 000 евро.
  • Шартномаҳои камарзиш: шартномаҳо дар бораи иҷрои корҳо, хизматрасониҳо ва таъминот бо арзиши аз 15 000 то 60 000 евро.
  • Шартонамҳои дорои арзиши миёна: зиёда аз 60 000 ва камтар аз 144 000 евро барои хизматрасониҳо ва таъминот ё камтар аз 5 548 000 барои иҷрои корҳо;
  • Шартномаҳои баландарзиш: барои шартномаҳои хизматрасониҳо ва таъминот аз 144 000 ва барои шартномаҳои иҷрои корҳо 5 548 000 евро.

Тендерҳои дорои арзиши паст ва миёна ба тариқи пешакӣ дар сомонаҳои EEAS ё Намояндагиҳои ИА дар саҳифаи “Тендерҳо” эълон карда мешаванд. Лутфан, таваҷҷӯҳ кунед, ки танҳо тендерҳои операторҳои иқтисодӣ (субъектҳои хоҷагидорӣ), ки бевосита аз ҷониби EEAS ё Намояндагии ИА (онҳое, ки даъватнома ба тендерро тавассути нишонаи электронӣ, почта ё хаткашон гирифтаанд) даъват шудаанд, арзёбӣ мешаванд.

Тендерҳои баландарзиш бояд дар Маҷаллаи расмии Иттиҳоди Аврупо чоп карда шаванд. Вақте ки тендер эълон мешавад, маълумот дар бораи тарзи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ба тендер дар як огоҳӣ дар бораи бастани шартнома нашр карда мешавад.

Қисми муҳаррирон: