European Union External Action

Тақвият бахшидани тавоноии ниҳонии коршиносони минтақавӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти чорводорӣ дар Осиёи Марказӣ

Almaty, 08/07/2021 - 13:05, UNIQUE ID: 210708_10
Press releases

Дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо семинари "Таъмини бехатарии маҳсулот дар бахши чорводорӣ дар асоси стандарти байналмилалии Global G.A.P." баргузор гардид.

 

EU CANDY V Food security Training

 

Дар давраи аз 23 то 30 июни соли 2021 дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи лоиҳае, ки тавассути Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, семинар дар мавзӯи «Таъмини бехатарии маҳсулот дар бахши чорводорӣ дар асоси стандарти байналмилалии Global G.A.P.” баргузор гардид.

Дар семинар зиёда аз 20 коршиносон ва мушовирон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Қисмати амалии семинар дар муҷтамаи чорводории интихобшуда, воқеъ дар наздикии Алма-Ато, гузаронида шуд. Иштироккунандагони семинар баъд аз гузаштани озмоиш ӯҳдадор шуданд, ки семинарҳои мушобеҳро дар созмонҳои худ баргузор хоҳанд намуд ва ба таври таҷрибавӣ низоми GlobalG.A.P-ро дар муҷтамаъҳои чорводории кишварҳои худ бо мақсади таҳким бахшидани донишҳои дарёфтшуда татбиқ хоҳанд кард.

 

EU CANDY V Food security Training

 

Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур - таҳким бахшидан ба тавоноии ниҳонии коршиносон ва мушовирон, ки намояндагони агентиҳои марбутаи давлатӣ ва бахши хусусии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулот дар бахши чорводорӣ ва мурғпарварӣ мебошанд. Семинар аз тарафи коршиноси дорои эътиборномаи Иттиҳоди Аврупо, тибқи дархости созмонҳои соҳавии кишварҳои Осиёи Марказӣ гузаронида шуд.

Семинар тавассути консорсиуми “CANDY V”, ки роҳбарияти онро созмони австриягии Hilfswerk International бар ӯҳда дорад, дар доираи лоиҳаи «Ҳамгироии минтақавӣ ва афзоиши тавоноии ниҳонӣ ҷиҳати боло бурдани рақобатпазирии корхонаҳои майда, хурд ва миёна  дар тиҷорати кишоварзӣ ва мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби барномаи Иттиҳоди Аврупо «Осиёи Марказӣ - Инвест V” ва Агентии Рушди Австрия маблағгузорӣ мешавад, ташкил карда шуд.

Ҷиҳати дарёфти иттилооти иловагӣ, лутфан, ба сардори намояндагии Hilfswerk International дар Осиёи Марказӣ Умед Асланов бо суроғаи электронии: aslanov@hilfswerk.tj муроҷиат фармоед.

Қисми муҳаррирон:

Муаллиф