European Union External Action

 

Дар ш.Душанбе семинари миллӣ оид ба муқоисаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конвенсияи такмилгардидаи Киото баргузор мегардад

08/06/2016 - 00:00
Ахбор

Рӯзи 8 июн дар ш.Душанбе семинари миллӣ оид ба муқоиса намудани қонунгузории амалкунандаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бандҳои Конвенсияи Киотои аз таҷдиди назар гузашта ба кор шурӯъ намудааст, ки дар рафти он мутахассисони миллии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои назорати гумрукӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, батанзимдарории тарифӣ, таъмини ҳуқуқӣ ва идораи ҳавфҳо ширкат меварзанд. Семинар дар чорчӯбаи барномаи Иттиҳоди Аврупо “Мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ” (БОМКА) ташкил гардидааст.

Дар давоми чорабинии серӯза коршиносони даъватшуда аз Иттиҳоди Аврупо ҳамроҳи гумрукчиёни тоҷик меъёрҳои байналмиллалӣ ва принсипҳои назорати босамари гумрукиро мутобиқи Конвенсияи такмилгардидаи Киото ва хусусан масоили назорати гумрукиро дар нуқтаҳои убури сарҳад, барасмиятдарории моли содиротиву воридотӣ, ва пардохти боҷу андозҳои гумрукиро мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод. Дар натиҷаи семинари мазкур гузориш аз муқоисаи қонунгузорӣ бо тавсияҳо омода мегардад, ки мутобиқати қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо бандҳои Конвенсияи такмилгардидаи Киото шарҳ хоҳад дод.

Нахустин чорабиниҳои барномаи БОМКА дар Осиёи Марказӣ соли 2003 оғоз гардида то ба имрӯз шарикӣ байни барнома ва ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мусоидат ба идораи сарҳадот қавӣ гардидааст. Тӯли солҳои 2003-2014 Иттиҳоди Аврупо барои татбиқи барномаи БОМКА 33,6 млн. евро ҷудо намуда барои амалисозии марҳилаи 9-ум (2015-2018) наздики 5 млн. евро пешбинӣ шудааст. Ҳадафи асосии марҳилаи кунунии барномаи БОМКА ин баланд бардоштани самаранокии идоракунии сарҳад дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки тавассути ҷорӣ намудани унсурҳои пешрафтаи консепсияи Идоракунии ҳамаҷонибаи сарҳад, расонидани кӯмаки техникӣ ба мақомоти дахлдор дар рушд ва ислоҳоти сиёсати муҳоҷират, мусоидат ба амалишавии сиёсати осонгардонидани савдои қонунӣ, мукаммал намудани иқтидори хадамотҳои ҳифзи сарҳад ва муҳоҷират амалӣ хоҳад гашт.

Маълумоти муфассалтар аз масъулини барномаи БОМКА дар Тоҷикистон дастрас намудан мумкин аст +992 43 3779708 –  ё ин ки jafar.usmanov@icmpd.org.

Қисми муҳаррирон:

Муаллиф