European Union External Action

 

Иттиҳоди Аврупо конфронси алайҳи терроризм дар Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд

Dushanbe, 02/05/2018 - 13:21, UNIQUE ID: 180502_7
Press releases

Иттиҳоди Аврупо, ҳамчун яке аз шарикони ташкилот, дар ҳайати олӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд "Мубориза бар зидди терроризм ва пешгирии ифротгароии зӯровар", ки дар шаҳри Душанбе 3-4 майи соли 2018 баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.

Иттиҳоди Аврупо, ҳамчун яке аз шарикони ташкилот, дар ҳайати олӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд "Мубориза бар зидди терроризм ва пешгирии ифротгароии зӯровар", ки дар шаҳри Душанбе 3-4 майи соли 2018 баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.  Муҳимияти муборизаи самаранок бар зидди терроризм ва ифротгароии зӯроварро дар назар гирифта, ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Сафир Жан-Кристоф Беляр, Муовини Дабири кулли Хадамоти корҳои хориҷии Аврупо оид ба масоили сиёсӣ, Жил де Кершов, Ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо дар ҷодаи мубориза алайҳи терроризм ва Сафир Петер Буриан, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ раисӣ мекунанд.


Тавре, ки Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ ва Муовини Раиси Комиссия Аврупо хонум Федерика Могеринӣ гуфт: "Мо ба ҳамкорӣ бо кишварҳои шарик дар ҷодаи мубориза бо терроризм аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Мо шабакаи коршиносони соҳаи зиддитеррористиро, ки дар кишварҳои калидӣ ҷойгир карда шуданд, таъсис додаем. Инчунин, бо мақсади мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва омӯхтан аз як дигар мо бо шариконамон як қатор муколамаҳоро дар ҷодаи мубориза бар зидди терроризм ривоҷ медиҳем. Беҳтарин роҳ барои самаранок ҳалл намудани тундгароӣ ва ифротгароӣ ин дар якҷоягӣ ва ҳамоҳангӣ кор кардан аст".

 

Соли гузашта Шӯрои Иттиҳоди Аврупо хулосаҳоро оид ба иқдомоти берунаи Иттиҳоди Аврупо дар самти мубориза бар зидди терроризмро қабул намуда, ҳама гунаи шакл ва зуҳуроти террористиро новобаста кӣ ва барои чӣ онро анҷом медиҳад, боқатъият ва бечуну чаро маҳкум мекунад.

 

Ҳайати воломақоми Иттиҳоди Аврупо дар кори Конфронс ва чорабиниҳои он иштирок карда, инчунин сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистонро диданист.

 

Қисми муҳаррирон:

Муаллиф