Курсҳои озмоишии фарогири таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои ҷавонон ва калонсолон дар ш. Душанбе оғоз меёбанд

15.10.2019

Курсҳои озмоишии фарогири таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои ҷавонон ва калонсолон дар ш. Душанбе оғоз меёбанд

Women during a lesson

Ташкилоти ҷамъиятӣ «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон (МТКТ)» озмоиши курсҳои  кӯтоҳмуддати таҳсилоти ибтидоии касбии фарогирро аз рӯи ихтисоси “Қаннод” оғоз мекунад. Курсҳоии омӯзишӣ санаи 15 октябри соли ҷорӣ дар синфхонаҳои нави МТКТ, ки барои шахсони маъюбиятдошта мутобиқ гардонида шудаанд, баргузор мегардад ва ба онҳо имконияти такмилдиҳии ихтисос ва гирифтани шаҳодатномаҳо фароҳам меорад.

 

Барнома ва маводҳои таълимӣ, ки дар курсҳо истифода мешаванд, дар асоси усули DACUM, яъне усули таҳлили ихтисос ва таҳияи нақшаи таълимӣ, аз ҷониби гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълими Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, МТКТ, Пажўҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахши маъюбон ва омӯзгори МТКТ ар рӯи ихтисоси “Қаннод” таҳия шудаанд.

Women during a lesson

Курсҳои озмоишӣ барои гурӯҳҳои омехта бо иштироки шахсони маъюбиятдошта бартарият ва камбудиҳои барнома ва маводҳои таълимии таҳиянамудаи гурӯҳи кориро нишон хоҳад дод. Дар асоси натиҷаҳои курси озмоишӣ маводҳои таълимӣ барои истифода ва паҳнкунии минбаъда баҳогузорӣ ва такмил дода мешаванд. Баъдтар, 3 курсҳои дигари омӯзишии таҳсилоти ибтидоии касбии фарогир аз рӯи ихтисосҳои “Занбӯрпарвар”, “Гулпарвар” ва “Таъмири асбобҳои рӯзгор” дар филиалҳои МТКТ дар ноҳияи Рашт, шаҳрҳои Душанбе ва Панҷакент ташкил карда мешаванд.

 

Ин фаъолият дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон» бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд амалӣ гардонида мешавад.. Лоиҳа аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» ва Созмони занони маъюб «Иштирок» амалӣ гардонида мешавад.