Liechtenstein

Такмили системаи идоракунии партовҳо дар ноҳияи Панҷакент

Dushanbe, 03/12/2019 - 07:58, UNIQUE ID: 191203_3
Press releases

Оғози расмии сохтмони минтақаи партовгоҳ

Official start of the construction of the Waste Deposit Site

 

Санаи 14 ноябри 2019 дар ҳамкорӣ бо ҷамоати Вору ва ҷамоати Рӯдакӣ дар ноҳияи Панҷакент, Ташкилоти Ҷамъиятии Итолиёвии Чезви (Cesvi) ба сохтмони  минтақаи партовгоҳ дар деҳаи Рӯи Об, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Вору, оғоз намуд. Ин  танҳо қадами аввалин барои ташкили системаҳои идоракунии устувори партовҳо дар деҳаҳои ҳадафии баҳрагирандаи лоиҳаи "Тақвият бахшидани идоракунӣ ва ҳифзи манбаҳои обӣ ва табии болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон", мебошад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва аз тарафи консорсиуми панҷ ташкилотҳои байналмилалӣ ва миллӣ бо роҳбарии ташкилоти Олмонии Welthungerhilfe амалӣ мегардад.

Зимни маросим,   намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Бобобеков А. муҳимияти нақшаҳои ташаккули системаи идоракунии партовҳоро дар деҳаҳои шаҳр қайд кард. Раиси ҷамоати Вору Ҷумъаев Н. ва раиси ҷамоати Рӯдакӣ  Фармонзода Э. механизми банақшагирифтаи коркарди партовҳоро шарҳ доданд ва ба саволҳои намояндагони деҳаҳои ҳадафӣ ва аъзоёни гурӯҳи занҳо оид ба интиқоли партов аз деҳа ба минтақаи партовгоҳ  посух доданд. Инчунин муҳандиси Чезви Раҳматиллоев Ф. дар бораи ҷузъиёти марбут ба сохтмони минтақаи партовгоҳ сухан кард. Дар ин маросим, инчунин намояндагони шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ҳукумати шаҳри Панҷакент ва Стансияи санитарию эпидемиологӣ (ССЭ) ширкат варзиданд. Пас аз муҳокима, ҳамаи иштирокчиён якҷоя аз майдони сохтмон дидан карданд.

Мувофиқи нақша пас аз ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ, баҳори соли 2020, ин макон барои беш аз 19,000 хонавода дар 17 деҳае, ки дар болообӣ ҷамоатҳои деҳоти Вору ва Рӯдакӣ ҷойгиранд, ҳамчун минтақаи ниҳоӣ барои партовҳо хизмат мекунад. Интиқоли партовҳои маишӣ аз деҳаҳо ба минтақаи ниҳоии партовгоҳ аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Ҷӯраев Б. ташкил карда мешавад, ки ин намунаи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар соҳаи хизматрасонии коммуналӣ мебошад.

 

Тамос

WHH Консорсиум

Йоахим Бёниш

Ҳамоҳангсози лоиҳа

Х. Рӯдакӣ, ноҳияи Айнӣ, Тоҷикистон 

 

Қисми муҳаррирон: