Liechtenstein

Иттиҳоди Аврупо ва шарикон дар тиҷорати кишоварзӣ принсипҳои кластерикунониро пеш мебаранд

Dushanbe, 28/10/2021 - 13:22, UNIQUE ID: 211028_12
Press releases

Консорсиуми минтақавии “CANDY», ки аз тарафи Иттиҳоди аврупо маблаӯгузорӣ мегардад, якҷоя бо шарикон оид ба рушд ҷиҳати афзудани иқтидору тавоноӣ дар соҳаи кластерикунонӣ дар тиҷорати кишоварзӣ семинар баргузор намуд.

EU CANDY clustering in agribusiness

 

Бо мақсади боло бурдани қобилияти рақобатии корхонаҳои кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ ва бо пайравӣ ба ҳадафи минтақавии стратегии худ оид ба ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ аъзоёни консорсиуми “CANDY» якҷоя бо шарикон оид ба рушд ҷиҳати афзудани иқтидору тавоноӣ дар соҳаи кластерикунонӣ дар тиҷорати кишоварзӣ семинар баргузор намуданд. Ду чорабинии дурӯза паи ҳам дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон аз 18 то 22 октябри соли 2021 гузаронида шуд.

Эҷод намудани кластерҳои кишоварзии бомуваффақият ба корхонаҳои ҷалбгардида имкон медиҳад, ки онҳо боз ҳам навоваронатар, самарабахштару устувортар ва дар ниҳояти кор рақобатпазиртар гарданд. Ширкатҳои хусусӣ ва ташкилоту созмонҳои тиҷоратии миёнарав бояд байни аъзоёни кластер низомҳо ва моделҳои  самарабахши ҳамкории мутақобили уфуқӣ ва амудиро бисозанд, бо роҳбарӣ намудани кластер ҷиҳати васеъ ва густарда  намудани дастрасӣ ба бозорҳо, осон намудани гуфтугӯ бо ҷонибҳои давлатии манфиатдор ва дигар шарикони миллию байналмилалӣ барои ба даст овардани натиҷа самтгирӣ намоянд.

Нақши мақомоти давлатии дахлдор аз таҳияву коркард, татбиқу ҷорӣ кардан ва эҷод намудани шароити муқаддамотӣ, масалан, барномаҳои дастгирӣ ва асосҳои сиёсӣ ҷиҳати рушди кластерҳои кишоварзӣ, иборат  аст.

 

 

EU CANDY clustering in agribusiness

 

Ҳадафи модули лоиҳавии мазкур афзудани иқтидори ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар соҳаи кластерикунонӣ ва эҷод намудани заминаҳо барои оғоз намудани кластерҳои кишоварзии миллӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз роҳи пешниҳод намудани донишу таҷрибаҳои хос (ноу-хау) аз Иттиҳоди Аврупо мебошад.

 

Қаблан дар моҳи июли соли 2021 қисми якуми дурӯзаи муқаддимавии омӯзиш дар шакли вебинар барои намояндагони идораҳои дахлдори давлатӣ, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои тиҷоратии миёнарав аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон гузаронида шуда буд.

Онлайн-сессияҳо ва омӯзишҳои муқаддимавӣ дар маҳалҳо аз ҷониби ҷаноби Германн Визер - директори Кластери кишоварзии Австрия (https://www.aac.or.at/) ва хонуми Ирина Дворак - ассистенти Кластери кишоварзии Австрия амалӣ гардида буданд.

Омӯзиши мазкур аз ҷониби консорсиуми CANDY V таҳти роҳбарии ташкилоти байналмилалии австриягии Hilfswerk International бо саҳми коршиносони кластери кишоварзии Австрия (шарики лоиҳа) дар доираи лоиҳаи “Ҳамгироии минтақавӣ ва тавонмандӣ барои рушди КХМ дар агробизнес, Рақобатпазирӣ ва мусоидат ба тиҷорат дар Осиёи Марказӣ - CANDY V ", ки аз ҷониби барномаи Иттиҳоди Аврупо" Осиёи Марказӣ - Инвест V "ва Агентии Австрия оид ба ҳамкориҳои рушд ҳамроҳ бо Лоиҳаи минтақавии Барномаи рушди СММ “Мусоидат ба Савдо дар Осииёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Ҳукумати Финляндия маблағгузорӣ мешавад, ташкил карда шуд.

Ҷиҳати дарёфти иттилооти иловагӣ, лутфан, ба роҳбари намояндагии Hilfswerk International дар Осиёи Марказӣ Умед Асланов бо суроғаи электронии: aslanov@hilfswerk.tj муроҷиат фармоед.

Қисми муҳаррирон:

Муаллиф