Liechtenstein

Иттиҳоди Аврупо ва шарикон идоракунии сифати чормағзҳоро дар минтақа ба роҳ мемонанд

Dushanbe, 16/09/2021 - 14:03, UNIQUE ID: 210916_24
Press releases

Бо мақсади боло бурдани сифати молии маҳсулоти хӯроквории ба содирот равонашуда дар Осиёи Марказӣ «Вебинари минтақавӣ оид ба таъмини сифати молии мағзи чормағзҳо» ташкил карда шуд.

Бо мақсади боло бурдани сифати молии маҳсулоти хӯроквории ба содирот равонашуда дар Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин ҷиҳати мусоидат намудан ба рушди устувори  ҷомеаҳои маҳаллии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон «Вебинари минтақавӣ оид ба таъмини сифати молии мағзи чормағзҳо» ташкил карда шуд.

Бахши истеҳсоли мағзи чормағзҳо дар минтақа, дар баробари маҳсулоти тару тоза ва хушккардашудаи меваю сабзавот, асосан, ба содирот равона шудааст, бинобар ин дорои тавоноию иқтидор барои ҳаллу фасли ҷузъии масъалаҳои зиёди иҷтимоию иқтисодии ҷомеаҳои маҳаллӣ мебошад.   

 Як қатор созмонҳои байналмилалӣ саъю кӯшишҳои худро барои пешбурди муштараки стандартҳои Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ оид ба фурӯш ва назорати сифати молии маҳсулоти кишоварзӣ муттаҳид намудаанд, ки намунаҳои ҳадди ақалли талаботи маъмул ва шинохташударо, ки дар тиҷорати байналмилалии маҳсулоти хӯрокворӣ ба таври  васеъ истифода мешаванд, фаро мегиранд. Масалан, стандарт барои мағзи чормағзҳо аз ҷониби истеҳсолкунандагони асосӣ, тоҷирони машғул ба фурӯши яклухт ва чакана дар Аврупо, ИМА ё Осиё дар муомилоти тиҷоратӣ ва инчунин аз тарафи мақомоти давлатии дахлдор оид ба назорати сифат татбиқ карда мешавад.

Бо назардошти муҳим будани такмили бахши мазкур ҳамчун қисмате аз низоми калонтари минтақавӣ, дар рафти вебинари амалӣ масъалаҳое, ки барои беҳтарсозии вазъияти ҷорӣ дорои аҳамияти калидӣ мебошанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин маврид фаҳмиш ва татбиқ намудани талаботи стандарт дар амалияи истеҳсолиро бо назардошти истеҳсол ва фурӯш дар бар мегирад. Баъзе аз иштирокчиёни занҷираҳои арзиши иловагӣ оид ба мағзи чормағзҳо аллакай чандин сол аст, ки  ин талаботи стандартро табиқ менамоянд.

Барои таҳким бахшидан ба тавоноию иқтидор дар соҳаи мазкур чанд сол қабл «Гурӯҳи кории Осиёи Марказӣ оид ба пешбурди содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Осиёи Марказӣ» (http://ca-wg.net/), ҳамчун саҳнаи минтақавӣ ҷиҳати муҳокима ва мувофиқат намудани чораву тадбирҳо оид ба таъмини мутобиқати маҳсулоти кишоварзӣ ба стандартҳои Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ оид ба фурӯш ва назорати сифати молӣ, ташкил карда шуд. Баргузор намудани вебинари мазкур аз ҷониби иштирокчиёни Гурӯҳи кории Осиёи Марказӣ дар яке аз ҷаласаҳои охирин пешниҳод гардида, кунун аз ҷониби коршиносони салоҳиятдор аз кишварҳои Фаронса, Италия, Молдова, ИМА, Барномаи рушди СММ, Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ, GIZ ва Hilfswerk International  гузаронида шуд.  

Вебинари мазкур бо дастгирии созмони австриягии Hilfswerk International дар доираи барномаи Иттиҳоди Аврупо “Осиёи Марказӣ Инвест V”, Барномаи GIZ “Ҳифзи гуногунии биологӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ аз роҳи ҷалб намудани ҷомеаҳои маҳаллӣ ба идоракунии ҷангалҳои меваву чормағз ва чарогоҳҳо”, Лоиҳаи минтақавии Барномаи рушди СММ “Мусоидат ба тиҷорат дар Осиёи Марказӣ” (аз тарафи ҳукумати Финляндия маблағгузорӣ мешавад) ва Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ ташкил карда шуд. Ин Комиссия таҳияву коркард, аз нав дида баромадан ва татбиқи стандартҳоро дар тиҷорати байналмилалии маҳсулоти хӯрокворӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар муддати солиёни зиёд дастгирӣ намудааст. Барои иҷро намудани вазифаҳои мазкур мақомоти миллии стандартикунонии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва инчунин асотсиатсияҳои соҳавии коркардкунандагон, истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамоянд.

Ҷиҳати дарёфти иттилооти иловагӣ, лутфан, ба: aslanov@hilfswerk.tj муроҷиат фармоед.

Қисми муҳаррирон:

Муаллиф