Liechtenstein

Иттиҳоди Аврупо ба фирориёни афғон дар Тоҷикистон кӯмак мекунад

Dushanbe, 14/09/2021 - 13:04, UNIQUE ID: 210914_5
Press releases

Дар посух ба авҷ гирифтани хушунатҳо дар Афғонистон, ки мавҷи нави паноҳандагони афғонро дар Тоҷикистон барангехт, Иттиҳоди Аврупо барои маблағгузории кумакҳои башардӯстона ба осебпазиртарин 160 ҳазор евро ҷудо мекунад.

То 5 ҳазор мардуми фирории афғон дар вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯмак хоҳанд гирифт.

Ин маблағгузории Иттиҳоди Аврупо аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) барои таъминоти ниёзи аввалия, аз ҷумла маҷмӯаҳои хӯрокворӣ, хаймаҳо ва ашёи рӯзгор, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти бештари афғонҳои навомада дар ҳафт дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон дастгирӣ мекунад. Қисми маблағгузорӣ инчунин ҷобаҷогузории лавозимоти ёрии аввал ба ҶҲАТ дар омодагӣ ба вуруди эҳтимолии паноҳҷӯёни ва фирориёни афғон дастгирӣ хоҳад кард.

Ин маблағгузорӣ як қисми саҳми умумии Иттиҳоди Аврупо ба "Фонди ҳолатҳои фавқуллода" (DREF) мебошад, ки аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) идора карда мешавад.

Дар пайи бад шудани вазъи амниятӣ дар Афғонистон, Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1357 километр марзи муштарак дорад, дар чанд ҳафтаи охир шоҳиди омадани мавҷи нави паноҳандагони афғон шудааст. Мувофиқи маълумоти Агентии гурезаҳои СММ, пас аз хуруҷи пурраи нерӯҳои ИМА ва НАТО то охири соли 2021 метавонад дар Тоҷикистон то 50 000 гуреза сабти ном шавад.

Замина - кӯмаки башардӯстонаи Иттиҳоди Аврупо

Иттиҳоди Аврупо якҷоя бо давлатҳои аъзояш донори бузургтарини дунё дар ҷодаи кӯмаки башардӯстона ба шумор меравад. Кӯмаки ИА ин як изҳори муттафиқии Аврупо бо мардуми ниёзманд дар саросари ҷаҳон аст. Ҳадафи кӯмаки ИА ин наҷот додани ҳаёт, пешгирӣ ва таскини дарду азоби инсон, таъмини бехатарӣ ва ҳифзи нангу номуси мардуме, ки аз офатҳои табиӣ ва ё бӯҳронҳои одамсохт зарар диданд.

Ҳар сол Комиссияи Аврупо тавассути Раёсати кӯмакҳои башардӯстона ва ҳифзи шаҳрвандӣ (ECHO) ба беш аз 120 миллион қурбониёни офатҳои табиӣ ва ҷангҳо кӯмак мерасонад. Барои маълумоти иловагӣ метавонед аз сомонаи ECHO  боздид намоед.

Байни Комиссияи Аврупо ва ФБСС созишномаи саҳм ба имзо расид, ки тибқи он ба фонди ҳолатҳои фавқулодаи ФБСС 3 миллион евро гузаронида мешавад.  Маблағи фонди мазкур асосан барои рафъи оқибатҳои офатҳои "хурд" истифода бурда мешавад. Одатан ингуна офатҳои хурд муроҷиати расмии ҳукуматҳоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  наметалабад.

Фонди ҳолатҳои фавқулода DREF соли 1985 таъсис ёфта, аз ҳисоби маблағҳои донорҳо пур мегардад. Ҳар боре, ки барои вокуниш ба офати табиӣ ягон Ҷамъияти миллии Салиби Сурх ва ё Ҳилоли Аҳмар ба таври таъҷилӣ маблағ гирифтанӣ шавад, он метавонад маблағҳои заруриро аз фонди мазкур дархост намояд. Ҷиҳати рафъи оқибатҳои офатҳои хурд, ФБСС аз фонди мазкур маблағи заруриро ҷудо мекунад ва баъдан донорҳо ин фондро боз пур мекунанд. Созишномаи саҳме, ки байни ФБСС ва ECHO ба имзо расидааст, ба ECHO имкон медиҳад, ки фонди ҳолатҳои фавқулодаро умуман то 3 миллион евро пур карда, ба ҳамоҳангии кӯмакрасониҳо мусоидат намояд (ин ба оинномаи ин созмон оиди кӯмакрасонии башардӯстона мувофиқ аст).

Тамос барои маълумоти бештар:

Ҷ-би Питер Биро, Корманди оид ба иттилоот барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар Комиссияи Аврупо, Раёсати кӯмакҳои башардӯстона ва ҳифзи шаҳрвандӣ ("ECHO"), нишонии электронӣ:  peter.biro@echofield.eu.

Қисми муҳаррирон:

Муаллиф