Liechtenstein

Нишонаҳои ҷуғрофиӣ - интихоби 4 маҳсули имконпазир дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон барои татбиқи таҷриба

Brussels, 04/08/2021 - 15:17, UNIQUE ID: 210804_11
Press releases

Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо барои гузаронидани онлайн-семинари миллӣ оид ба интихоби маҳсулоти имконпазир ба сифати нишонаи ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон барои татбиқи таҷрибавӣ кӯмак расонд.

Бо мақсади пешбурди маҳсулоти кишоварзии минтақавии Осиёи Марказӣ, беҳтар намудани шиносоӣ ва обрӯву эътибори минтақа ва инчунин мусоидат ба рушду инкишофи ноҳияҳои деҳот моҳи июли соли 2021 чаҳор онлайн-семинари миллӣ оид ба интихоби маҳсулоти имконпазир ба сифати НҶ дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон барои татбиқи таҷрибавӣ гузаронида шуд. Татбиқи таҷрибавие, ки дар муддати 18 моҳи оянда то охири лоиҳа гузаронида мешавад, таҳияву коркарди мушаххасот ва ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии НҶ ҷиҳати чаҳор маҳсулоти ба сифати намунавӣ интихобшударо дар бар мегирад, ки дар асоси онҳо ҷонибҳои манфиатдори дорои тавоноиву иқтидор метавонанд онҳоро нисбати дигар маҳсулоти минтақа ба кор баранд.

Онлайн-семинарҳо як қисми модул барои афзоиши иқтидор дар соҳаи нишонаҳои ҷуғрофиёӣ (НҶ) мебошад (https://www.wipo.int/geo_indications/en). Мақсади ин модули лоиҳа беҳтар намудани шароит барои рушду инкишофи НҶ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз роҳи афзоиши иқтидори биологӣ ва истеҳсолкунандагони маҳаллӣ дар минтақа, омӯзиши онҳо оид ба маҳорату малака барои интихоби маҳсулоти дорои иқтидори НҶ, омодасозии расмиёту тартибот ва ҳуҷҷатҳо ҷиҳати бақайдгирии миллии НҶ, пешниҳод намудани донишҳои иловагӣ оид ба идоракунии занҷираи арзиши иловагӣ ва низоми назорат мебошад. Модул огоҳии иштирокчиёни занҷираи арзиши иловагиро оид ба НҶ боло мебарад. Дар доираи модул дар соли 2020 аллакай вебинарҳои маҷмӯавӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар сатҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ, баҳампайвастагии сифат, хислату хусусиятҳои маҳсулот ва ҳудуд ва ҳамчунин идоракунии дастаҷамъона ва пешбурди НҶ гузаронида шуда буданд. Дар давраи аз моҳи майи соли 2020 то моҳи майи соли 2021 шарикони лоиҳа ва ҷонибҳои манфиатдори бо онҳо алоқаманд дар чаҳор кишвар маҳсулотро ба сифати НҶ муайян намуданд, маҳсулҳои ояндадору умедбахшро интихоб карданд ва барои 12-тои онҳо (3 маҳсулӣ барои ҳар як кишвар) асосноккунии техникиву иқтисодӣ омода намуданд.

Дар чаҳор онлайн-семинари миллӣ коршиносон оид ба НҶ Анҷел Постолле ва Паскал Бернандони аз созмони шарикии лоиҳаи REDD France натиҷаҳои 12 адад асосноккунии техникиву иқтисодӣ ва баҳодиҳии маҷмӯавии маҳсулотро бо истифода аз методологияи баҳодиҳии НҶ пешниҳод намуданд. Дар асоси тавсияҳои коршиносон ва мувофиқати мутақобили иштирокчиён чаҳор маҳсул (як маҳсулӣ барои ҳар як кишвар) барои татбиқи таҷрибавӣ интихоб гардиданд. Маҳсулоти интихобшуда: зардолуи хушккардашудаи “Аштак” (Тоҷикистон), себи “Апорти Алма-Ато” (Қазоқистон), асали сафеди “Ат-Баши” (Қирғизистон) ва харбузаи хоразмӣ (Ӯзбекистон). Маҳсулоти номбаршуда барои татбиқи таҷрибавӣ ба сифати маҳсулҳои витринавӣ ва намоишӣ интихоб гардиданд.

Семинарҳои мазкур тавассути консортсиуми “CANDY V”, ки роҳбарияти онро созмони австриягии Hilfswerk International бар уҳда дорад, дар доираи лоиҳаи «Ҳамгироии минтақавӣ ва афзоиши тавоноиву иқтидор ҷиҳати боло бурдани рақобатпазирии корхонаҳои майда, хурд ва миёна  дар тиҷорати кишоварзӣ ва мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби барномаи Иттиҳоди Аврупо «Осиёи Марказӣ - Инвест V” ва Агентии рушди Австрия маблағгузорӣ карда мешавад, ташкил карда шуданд.

Ҷиҳати дарёфти иттилооти иловагӣ, лутфан, ба роҳбари намояндагии Hilfswerk International дар Осиёи Марказӣ Умед Асланов бо суроғаи электронии: aslanov@hilfswerk.tj муроҷиат фармоед.

Қисми муҳаррирон:

Муаллиф