Liechtenstein

Ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории Осиёи Марказӣ оид ба пешбурди содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Осиёи Марказӣ

Almaty, 30/06/2021 - 10:18, UNIQUE ID: 210630_30
Press releases

Мақсади вохӯрӣ коркарди мавқеияти мувофиқатшуда оид ба пешбурди стандартҳои тиҷоратии сифат/намуди молӣ, бехатарии маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиши рақобатпазирии минтақа ва пешбурди содиротро дар бар мегирифт.

EU CA Working Group Meeting on AgriProducts promotion

 

Аз 21 то 22 июни соли 2021 дар шаҳри Алма-Ато, Ҷумҳурии Қазоқистон, мулоқоти панҷуми гурӯҳҳои кории минтақавӣ аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон барои муҳокимаи нақшаҳои ҳамкории минбаъда ва коркарди мавқеияти мувофиқатшуда оид ба пешбурди стандартҳои тиҷоратии сифат/намуди молӣ, бехатарии маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиши рақобатпазирии минтақа ва пешбурди содирот баргузор гардид.

Иштирокчиёни Гурӯҳи кории Осиёи Марказӣ (ГКОМ) бо ҳам натиҷаҳои кори дар солҳои 2020-2021 анҷомшударо ҷамъбаст намуда, масъалаҳои зерини афзалиятнокро мавриди баррасӣ қарор доданд: ворид намудани ислоҳот ба Стандартҳои амалкунандаи Комиссияи Аврупоии иқтисодии СММ бо дарназардошти маҳсулоти содиршаванда аз Минтақа, таҳияи маводи тавзеҳӣ оид ба маҳсулоти тару тоза ва хушки кишоварзӣ, таҳияву коркарди стратегияҳо ва нақшаҳои тадбирҳои муштарак оид ба густариши дониш дар соҳаи Стандартҳои Комиссияи Аврупоии иқтисодии СММ ва бехатарии маҳсулот (аз он ҷумла GlobalG.A.P) дар байни истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон ва содиркунандагон.

Бо дарназардошти он, ки пешбурди нишонаҳои ҷуғрофиёӣ (GI) метавонист обрӯву эътибори маҳсулоти кишоварзии Осиёи Марказӣ ва инчунин кишварҳоро дар бозорҳои хориҷӣ беҳтар намояд, ҳамчунин масъалаҳои татбиқ намудани беҳтарин амалияҳои байналмилалӣ оид ба мушаххаскунӣ ва нишонагузории маҳсулоти кишоварзии минтақавӣ (GI) мавриди баррасӣ ва мувофиқат қарор гирифтанд. Маҷмӯъи тадбирҳои маркетингӣ ба пешбурди гурӯҳи молҳое, ки сифати онҳо бо маҳалли истеҳсоли онҳо, таркибу омезиши беҳамтои захираҳои маҳаллии табиӣ ва арзишҳои фарҳангии ҳудудҳои истеҳсолӣ муайян карда мешавад, равона гардида буд.

Фаъолияти ГКОМ мувофиқат кардани чандин тарзу равишҳои пешбурди маҳсулотро дар соҳаҳои зерин дар бар мегирифт:

•           таъмини мутобиқати маҳсулоти кишоварзӣ бо стандартҳо оид ба фурӯш ва назорати сифати молӣ;

•           таъмини мутобиқати маҳсулоти кишоварзӣ бо стандартҳои бехатарии маҳсулот;

•           татбиқ намудани беҳтарин амалияи байналмилалии мушаххаскунии маҳсулоти кишоварзии истеҳсолшаванда, ки имкон медиҳад шиносоии маҳсулот ва обрӯву эътибори кишварҳои иштироккунанда дар бозорҳои берунӣ боло бурда шавад.

Дар кори Гурӯҳи кории минтақавӣ намояндагони мақомоти давлатии зерин иштирок намуданд: мақомоти стандартикунонӣ, агентиҳои содирот, вазоратҳои иқтисодиёт ва кишоварзии Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон, бизнес-ассотсиатсияҳо ва намояндагони бахши хусусӣ (истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзии минтақаи Осиёи Марказӣ).

Мулоқоти мазкур тавассути консорсиуми “CANDY V”, ки роҳбарияти онро созмони австриягии Hilfswerk International бар уҳда дорад, дар доираи лоиҳаи «Ҳамгироии минтақавӣ ва афзоиши тавоноии ниҳонӣ ҷиҳати боло бурдани рақобатпазирии корхонаҳои майда, хурд ва миёна  дар тиҷорати кишоварзӣ ва мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби барномаи Иттиҳоди Аврупо «Осиёи Марказӣ - Инвест V” ва Агентии рушди Австрия ҳамроҳ бо Лоиҳаи минтақавии Барномаи рушди СММ “Мусоидат ба Савдо дар Осииёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Ҳукумати Финляндия маблағгузорӣ мешавад, ташкил карда шуд.

Ҷиҳати дарёфти иттилооти иловагӣ, лутфан, ба сардори намояндагии Hilfswerk International дар Осиёи Марказӣ Умед Асланов бо суроғаи электронии: aslanov@hilfswerk.tj муроҷиат намоед.

Қисми муҳаррирон:

Муаллиф