Greenland and the EU

ФАО ва Иттиҳоди Аврупо ба занон-байторон дар Тоҷикистон имкониятҳои васеъ фароҳам меоваранд

Dushanbe, 02/11/2020 - 13:05, UNIQUE ID: 201102_11
Press releases

ФАО ва Иттиҳоди Аврупо тавассути муттаҳид кардани ҳайвонот, одамон ва муҳити зист дар Тоҷикистон барои самаранок ва устувор гардондани чорводорӣ ба беҳбудии солимии ҳайвонот диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дирӯз дар ҳамкории зич бо Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон омӯзиши серӯзаро оид ба эмгузаронии паррандаҳои хонагӣ, чораҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятии ҳайвонот ва паррандаҳо ва коркарди шир ба 30 нафар занони байтор аз саросари кишвар анҷом дод.

 

FAO-EU female vets capacity building

 

Ин фаъолият як қисми лоиҳаи ФАО мебошад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда шуда, барои дастгирии Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ дар таҳияи сиёсат равона карда шудааст. Дар чорабинии мазкур занон-байторон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Душанбе, Ваҳдат, Норак, Хоруғ, Хуҷанд, Мастчоҳ ва Ҷайҳун ширкат варзиданд, ки ба онҳо имконияти беназирро барои якҷоя омӯхтан ва таҷрибаву донишу малакаро мубодила намудан фароҳам овард.

Барномаи таълимӣ, ки махсус барои занон ва ҷавонон таҳия шудааст, модулҳоро оид ба аҳамияти чорабиниҳои пешгирикунанда, аз ҷумла эмкунӣ, дезинфексияи маҳалли нигоҳдории чорво ва паррандаҳо, намоиши ваксинагузаронии паррандаҳои хонагӣ, таркиби кимиёвӣ ва физикии шир ва усулҳои муайян кардани сифати шир дар бар мегирифт.

 

FAO-EU female vets capacity building

 

Машғулиятҳои омӯзишӣ аз қисмҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буданд, ки қисмати назариявӣ аз ҷониби олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Институти байторӣ, Институти чорводорӣ ва Институти масоили амнияти биологии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон гузаронида шуд. Қисми амалӣ дар хоҷагиҳо ва корхонаҳои коркарди шир дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав баргузор гардид.

Занон-байторон тавассути мушоҳида, таҳлил ва санҷиши идеяҳои нав дониш омӯхтанд. Ҳамин тавр, дар муқоиса бо равишҳои анъанавии чорводорӣ ва истеҳсоли шир, ки ба маслиҳати мутахассисони хадамоти паҳнкунии донишҳои кишоварзӣ такя мекунанд, ки метавонанд на ҳамеша ба ниёзҳои хоси кишоварзон мувофиқ бошанд, онҳо тавонистанд роҳи ҳалли мушкилоти худро дарёфт намоянд.

 

EU FAO vet capacity building

 

'Иттизоди Аврупо аз дидани он, ки ин омӯзиш барои занон-байторон бо таваҷҷӯҳи зиёд пазируфта шуд, хурсанд аст ва мо умедворем, ки малакаҳои бадастомада барои дастгирии рушди чорводорӣ дар Тоҷикистон аҳамияти калон хоҳанд дошт', зикр кард Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Сафир Мэрилин Йосефсон.

«Занон-байторон метавонанд дар фаъолияти чорводории хонаводаҳо дар деҳоти кишвар нақши калидӣ дошта бошанд. Бо иштирок дар ин тренинг онҳо дониш ва малакаҳои худро тақвият доданд, ки бешубҳа сифати хидматрасониро дар ин соҳа беҳтар хоҳанд кард. Ман итминони комил дорам, ки чунин ташаббусҳо инчунин метавонанд сатҳи камбизоатиро дар деҳот тавассути баланд бардоштани бехатарии маҳсулоти ҳайвонот барои истеъмоли дохилӣ ва савдо коҳиш диҳанд, инчунин талафоти чорворо кам кунанд, ” таъкид намуд Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.

Чорводорӣ сарвати табий ба шумор меравад, ки барои оянда аҳамияти муҳим дорад. Масалан, ҳайвонот манбаи хароҷоти асосии оила, ба монанди пардохтҳои таҳсилот ё чорабиниҳои иҷтимоӣ шуда метавонанд. Ҳайвоноти солим манбаи озуқаворӣ ва истеҳсоли устувори ғизо ба шумор меравад.

Аз ин лиҳоз, ФАО ва ИА тавассути муттаҳид кардани ҳайвонот, одамон ва муҳити зист дар Тоҷикистон барои самаранок ва устувор гардондани чорводорӣ ба беҳбудии солимии ҳайвонот диққати ҷиддӣ медиҳанд.

 

ТАМОС:

Бунафша Азимова

Мутахассиси кор бо ВАО

ФАО Тоҷикистон

Тел: +992 93 577 33 73

E-mail: Bunafsha.Azimova@fao.org  

Қисми муҳаррирон: