Falkland Islands and the EU

Вакилони Парлумони Аврупо барои иштирок дар ҷаласаи 8-уми Кумитаи ҳамкориҳои парлумонии ИА ва Тоҷикистон ба Душанбе ташриф меоранд

Dushanbe, 31/10/2019 - 13:04, UNIQUE ID: 191031_11
Press releases

Вакилони Парлумони Аврупо барои иштирок дар ҷаласаи 8-уми Кумитаи ҳамкориҳои парлумонии ИА ва Тоҷикистон ба Душанбе ташриф меоранд

EU - Tajikistan Parliamentary Cooperation Committee meeting

 

Аз 31 октябр то 3 ноябри соли 2019 ҳайати Парлумони Аврупо иборат аз 3 вакил ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард. Ҳадафи асосии сафари мазкур ин иштирок дар ҷаласаи 8-уми Кумитаи ҳамкориҳои парлумонии ИА ва Тоҷикистон мебошад.

Ҳайати Парлумони Аврупоро ҷаноби Фулвио Мартушиелло, Раиси Ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Кумитаҳои ҳамкории парлумонӣ бо Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ва барои робита бо Туркманистон ва Муғулистон, роҳбарӣ хоҳад кард.

 

Ҷаласаи 8-уми Кумитаи ҳамкориҳои парлумонии ИА ва Тоҷикистон

 

Дар доираи ин сафар ҳайати Парлумони Аврупо бо мансабдорони баландпояи Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом медиҳад. Тибқи барномаи ин сафар вохӯриҳо бо Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси Миллӣ ва Ҷаноби Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Ҳайати Парлумони Аврупо инчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот хоҳанд кард.

Қисми муҳаррирон: