Falkland Islands and the EU

ФАО ва Иттиҳоди Аврупо системаи огоҳкунии пешакиро оид ба иқлим дар Тоҷикистон тақвият медиҳанд

Dushanbe, 31/07/2019 - 00:00, UNIQUE ID: 190801_2
Press releases

Имрӯз дар ноҳияи Турсунзода бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо (ИА), Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ва дар ҳамкории зич бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист стансияи автоматии агрометеорологӣ, шабакаи пилотии агрометеорологӣ ба кор шуруъ кард.

FAO_EU Agrometeo Station_Tursunzoda

 

Имрӯз дар ноҳияи Турсунзода бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо (ИА), Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ва дар ҳамкории зич бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист стансияи автоматии агрометеорологӣ, шабакаи пилотии агрометеорологӣ ба кор шуруъ кард.

 

Шабакаи пилотии агрометеорологӣ барои татбиқ намудани усулҳои нави ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти обу ҳаво бо мақсади дастрас намудани огоҳии пешакӣ дар бораи иқлим, бемориҳои растанӣ ва пешгӯии ҳосил ба деҳконон нигаронида шудааст.

 

Шабакаи пилотӣ аз се стансияи автоматии агрометеорологӣ иборат аст, ки дар се минтақаи мухталиф бо навъҳои хоси зироат – токзор дар ноҳияи Турсунзода, зардолузор дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд ва пахта дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон насб карда мешаванд.

 

Бояд қайд кард, ки насби стансияҳои агрометеорологӣ дар ноҳияҳои Конибодом ва Ҷалолиддини Балхӣ дар рӯзҳои 2-юм ва 4-уми августи соли 2019 дар назар аст.

 

Истифодаи иттилооти агрометеорологӣ дар соҳаи кишоварзӣ хеле муҳим аст, зеро ҳар як ҷабҳаи фаъолияти кишоварзӣ аз обу ҳаво вобаста аст. Бо банақшагирии дақиқ ва тадқиқот, агрометеорология ба фермерон барои қонеъ кардани талаботи ҷаҳонӣ ба озуқаворӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ кӯмак мерасонад. Шароити пешгӯинашавандаи обу ҳаво, ки аз сабаби тағирёбии иқлим ва дигар зуҳуротҳои метеорологӣ ба вуҷуд меоянд, талаботро ба маълумоти дақиқи обу ҳаво зиёд кардаанд.

 

"Ҳайати Иттиҳоди Аврупо бо ФАО ва шарикони миллӣ ҷиҳати таъсиси системаи самаранок ва устувори агрометеорологӣ дар Тоҷикистон ҳамкории зич дорад. Пас аз насб ин система баҳри тақвият додани соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон тавассути фароҳам овардани чораҳои пешгирикунанда, ки таъсири вазъи обу ҳаворо, хусусан хушксолиро, ба соҳаи кишоварзӣ пешгирӣ мекунанд, пешбинӣ шудааст,” таъкид кард Сафири ИА дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон.

 

"Ман умедворам, ки ин таҷриба дар ояндаи наздик дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон барои васеъ намудани доираи фарогирии мушоҳидаҳои агрометеорологӣ ва тақвияти соҳаи кишоварзӣ амалӣ карда мешавад," гуфт Йосефсон.

 

Илова ба ин, ҳамчунин шахсоне, ки дар соҳаи кишоварзӣ қарор қабул мекунанд, аз ҷумла сиёсатмадорони давлатӣ, ки  баҳри таъмини банақшагирии истеҳсолоти комилан мувофиқ, таҳвили маҳсулот, нархҳои дастраси маҳсулоти озуқаворӣ барои истеъмолкнандагон, даромади кофӣ барои деҳқонон, инчунин коҳиш додани сатҳи таъсири таҷрибаҳои кишоварзӣ ба муҳити зист кӯшиш ба харҷ медиҳанд, метавонанд аз истифодаи иттилооти агрометеорологӣ баҳра бардоранд.

 

“Шабакаи пилотии агрометеорологӣ унсури муҳим барои банақшагирӣ, рушд ва идоракунии корҳои кишоварзӣ дар кишвар ба шумор меравад. Бо истифодаи маълумотҳо дар бораи обу ҳаво ва иқлим, дар маҷмӯъ, фермерон метавонанд барои таъмини устувории идоракунии хоҷагиҳои худ чораҳои зарурӣ андешанд, ҳосилнокиро афзоиш диҳанд ва ҳосили баландсифат ба даст оранд, “ гуфт Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев.

 

Дониши амиқ ва мониторинги дақиқи шароити обу ҳаво дар роҳнамоии банақшагирӣ ва амалиётҳои соҳаи кишоварзӣ, аз қабили омода кардани замин, мубориза бо зараррасонҳо ва интихоби навъҳои зироатҳое, ки ба шароити маҳаллӣ мувофиқанд, аҳамияти ҳалкунанда доранд. Огоҳкунии бармаҳал оид ба шароитҳои обу ҳаво барои огоҳии саривақтии таъмини воситаҳои зиндагӣ ва устуворӣ хеле муҳим мебошад.

 

“Ба шарофати маълумоти зарурӣ қабул кардани қарор имконпазир мегардад. Бо пайгирӣ кардани ҳарорат ва хусусияти боришот инчунин мумкин аст зуҳуротҳои шадиди иқлимӣ пешгуй карда шаванд, ки метавонанд ба нашъунамои растаниҳо, кадом навъи зироатҳо ва кай шинондани онҳо таъсири ҷиддӣ расонанд ”, илова намуд Гучгелдиев.

 

Иттиҳоди Аврупо ва ФАО барои дастгирии мақомоти дахлдори давлатӣ тавассути такмилдиҳии ҷамъоварӣ, таҳлил ва гузоришдиҳии иттилооти агрометеорологӣ бо мақсади дастрас кардани иттилооти асосӣ, ба монанди боришот, ҳарорат ва суръати шамол дар саросари кишвар, ҳамкорӣ мекунанд.

Қисми муҳаррирон: