Falkland Islands and the EU

Осиёи Марказӣ: Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупоро нисбати ин минтақа қабул мекунад

Bruxelles, 17/06/2019 - 00:00, UNIQUE ID: 190618_19
Press releases

Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупоро нисбати ин минтақа қабул мекунад

17 июни соли 2019 Шӯрои Иттиҳоди Аврупо хулосаҳоро оид ба Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо нисбати Осиёи Марказӣ, ки сиёсати Иттиҳоди Аврупоро ба шароиту имкониятҳои нав дар ин минтақа мутобиқ месозад, қабул намудааст.  
 

Шӯрои Иттиҳоди Аврупо таҳкими равобити Иттиҳоди Аврупоро бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ки аз замони қабул шудани аввалин Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар соли 2007 то имрӯз ҷой доштааст, бо хушнудӣ истиқбол кардааст.


Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Баёнияи муштаракро таҳти унвони "Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: имкониятҳои нав барои шарикии устувор", ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо ва Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амният қабул шуда буд, тасдиқ намудааст. Ин ҳуҷҷат асоси нави сиёсӣ барои ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои оянда хоҳад буд. Ҳадафи Стратегияи нав таъмини устуворӣ, шукуфоӣ ва ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.
 

Шӯро омодагии худро ҷиҳати бастан ва амалӣ сохтани созишномаҳои бузург ва мутақобилан судманди шарикӣ ва ҳамкории густурда бо кишварҳои манфиатдори минтақа таъкид кард. Чунин созишномаҳо рукни асосии ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳанд буд. Шӯро такрор намуд, ки доира ва сатҳи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои инфиродии Осиёи Марказӣ аз омодагии ҳар як кишвари ин минтақа дар татбиқи ислоҳот ва таҳкими демократия, ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, таъмини мустақилияти мақомоти судӣ ва инчунин аз тайёрӣ ба таҷдид ва гуногунсозии иқтисодиёт, аз ҷумла дастгирии рушди бахши хусусӣ, махсусан, соҳибкории хурду миёна дар шароити иқтисодиёти бозори озод, вобастагӣ хоҳад дошт.

 

Шӯро нақши стратегии Осиёи Марказиро дар талошҳои умумиҷаҳонӣ баҳри таъмини бохампайвастшавии Аврупо ва Осиё арзёбӣ намуда, қайд кард, ки ин талошҳо ба манфиати худи минтақа мебошанд ва Шӯро интизор аст, ки ҳамкории зич бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар самти таъмини боҳампайвастшавии устувор, густурда ва дар қоидаҳо асосёфта ба роҳ монда шавад. Инчунин, Шӯро таъкид намуд, ки Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ манфиатдор ҳастанд, ки ҳамкориҳоро барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон тақвият бахшанд.

Languages:
Қисми муҳаррирон: