Falkland Islands and the EU

Изҳороти Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо хонум Федерика Моғеринӣ бахшида ба 10-уми декабри соли 2016 - Рӯзи ҳуқуқи инсон

Brussels, 09/12/2016 - 09:20, UNIQUE ID: 161209_11
Statements on behalf of the EU

Рӯзи 10 декабр Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва давлатҳои узви он Рӯзи ҳуқуқи инсонро қайд менамоянд. Чун нобаробариҳо ва нақзи ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон боиси мушкилоти зиёдест ва низоъ дар кишварҳое мисли Сурия идома дорад, зарур меояд, ки мо кӯшишҳои худро баҳри ҳифзи ҳуқуқи тамоми башар ду баробар зиёд намоем. Ба ин сабаб мо имсол ба хитоби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҳамроҳ шуда, мардумро даъват мекунем то ҳуқуқи дигар касонро ҳифз намоянд.

Ҳар яки мо масъулияти инфиродӣ дар ҷодаи ҳифзи ин ҳуқуқҳо дорем. Мо метавонем аз ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ки бо зиёдшавии фишору таҳдид дар бисёр кишварҳо далерона рӯ ба рӯ мешаванд, ибрат бигирем. ИА азми катъӣ дорад, ки онҳоро ҳимоят намуда, фазои ҷомеаи шаҳрвандиро вусъат бидиҳад. Мансабдорони ҳамаи шохаҳои ИА ин корҳоро анҷом медиҳанд: онҳо бо ҳомиёни ҳуқуқи инсон мулоқот мекунанд, раванди маҳкумсозиҳои ҳомиёнро назорат карда, онҳоро дар боздоштгоҳҳо зиёрат мекунанд ва масоили онҳоро дар пеши ҳукуматҳо мебардоранд. Ҳамчунин, дар соли 2016 Иттиҳоди Аврупо тавассути Фонди таъҷилии "Санади маблағгузории пешбурди демократия ва ҳуқуқи инсон (EIDHR)" ба беш аз 250 ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва оилаҳои онҳо кӯмаки молиявӣ расонидааст, зеро онҳо аз сабаби кори ҳаррӯзаи худ дар хатаранд.

Гарчи амали инфиродӣ муҳим аст, ИА дар маҷмӯъ дар бунёди тартиби ҷаҳонӣ мабнӣ бар қоидаҳое, ки эҳтироми ҳуқуқи инсон дар қалби он мебошад, нақши сазовор бозӣ хоҳад кард. Рафиқ Ставрос Ламбринидис - Намояндаи махсуси ИА оид ба ҳуқуқи инсон - фаъолона сатҳи огоҳии ҷаҳонро аз сиёсати ИА дар самти ҳуқуқи инсон баланд бардошта истодааст. Инчунин, намояндагиҳои ИА дар ҳифзи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои қабулкунанда ғайратона кор карда истодаанд. ИА ҳуқуқҳои инсонро дар форумҳои бисёртарафа беист ҳифз намуда, низоми ҳифзи ҳуқуқи инсони СММро пурра дастгирӣ мекунад, ки он дар ҳифзи ҳуқуқи умумии инсон ва мониторинги риояи он хело муҳим аст.   

Соли оянда ИА стратегияи нави глобалии худро дар самти сиёсати хориҷӣ ва амният, ки моҳи июни соли 2016 қабул шуда буд, татбиқ хоҳад кард. Дар ин ҳуҷҷат мо ба ӯҳда гирифтем, ки ба эҳтироми ҳуқуқи инсонро чи дар дарун ва чи дар беруни ИА пеш мебарем. Ин барои муҳоҷирон ва гурезагон сатҳи баландтарини ҳифзи ҳуқуқи инсонро дар тамоми амалиёти ИА дар соҳаи муҳоҷират ва рушд таъмин хоҳад кард. Инчунин мо пешрафти амалисозии нақшаи бузурги чорабиниҳои худамонро барои солҳои 2015-2019 дар самти ҳуқуқи инсон ва демократия арзёбӣ менамоем. Дар баробари ин, тавассути азнавдида баромадани сарпринсипҳои ИА ва бо мақсади таҳкими минбаъдаи таъсири сиёсатамон дар ин масъалаҳо, мо ӯҳдадории худро дар самти мубориза алайҳи шиканҷа, муносибати бераҳмона ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон боз таъкид хоҳем кард.

Имрӯз ва ҳар рӯзи сол ИА баҳри ҳифзи ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон бар хеста, ҳар як шахсеро, ки дар ин самт амал мекунад, пурра дастгирӣ хоҳад кард.

Қисми муҳаррирон: