Bonaire and the EU

Ҷаласаи 12-ми муколамаи оиди ҳуқуқи инсон байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон

Brussels, 11/11/2020 - 16:33, UNIQUE ID: 201111_18
Press releases

11 ноябри соли 2020 Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даври 12-уми муколамаи солонаи худро оид ба ҳуқуқи инсон тавассути видеоконфронс баргузор карданд.

Мубоҳисаи ошкоро ва созанда таҳаввулоти ахирро дар доираи васеи масъалаҳои ҳуқуқи инсон, аз қабили иштироки сиёсӣ, озодии иттиҳодияҳо, озодии баён ва озодии дин ва эътиқод, пешгирӣ ва рафъи шиканҷа ва бадрафторӣ ва ҳуқуқи занонро фаро гирифт. Иштирокчиён инчунин лоиҳаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар форумҳои бисёрҷониба, алахусус дар системаи СММ-ро муҳокима карданд.

Муҳокима дар асоси мушкилоти бесобиқа давом ёфтаст, ки пандемияи COVID-19 ва тадбирҳои маҳдудкунанда ва сабуккунандаи он ба ҷомеаҳо, системаҳои идоракунӣ, ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ пеши рӯй оварданд. Иттиҳоди Аврупо иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро дар мубориза бо пандемияи коронавирус баланд арзёбӣ кард, ва аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки ҳамкориҳоро бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ мустаҳкам кунанд.

ИА аз мубоҳисаҳои мусбати байни Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалии ғайридавлатӣ ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ислоҳоти иҷрои ҷазо истиқбол кард. Иштирокчиён аввалин Форуми иҷрои ҷазоро (пенитенсиарӣ), ки охири соли гузашта дар Душанбе баргузор шуда буд, ҳамчун як қадами муҳим дар роҳи ислоҳоти ҳамаҷонибаи системаи иҷрои ҷазо дар Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Аммо, аз идомаи шиканҷа дар ҷойҳои боздошт изҳори нигаронӣ карда шуд ва зарурати ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон ва сафед кардани ҷабрдидагон таъкид шуд. ИА аз Тоҷикистон даъват кард, ки қарори Созмони Милали Муттаҳҳид  (СММ) -ро оид ба парвандаҳои инфиродии Кумитаи ҳуқуқи инсон ва Гурӯҳи кории СММ оид ба ҳабси худсарона, алахусус дар робита бо вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров иҷро кунад.

Бо вуҷуди баъзе пешрафтҳои мусбӣ, ИА аз танг шудани фазои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, алахусус нисбати озодии баён ва озодии иттиҳодияҳо изҳори нигаронӣ кард. ИА аз Тоҷикистон даъват кард, ки муҳити кушод ва амнияти рӯзноманигорони мустақилро кафолат диҳад ва ҳамзамон ба амалияи бастани сайтҳои оҷонсиҳои хабарии мустақил хотима диҳад.

Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳифзи ҳуқуқҳо ва тавонмандсозии занон ва духтарон, инчунин хавфи баланди хушунати ҷинсӣ дода шуд. ИА аз мақомоти маҳаллӣ даъват кард, ки барои ба хушунати хонаводагӣ ҷурми ҷиноятӣ нисбат донистан чораҳои минбаъда андешанд. Ташаббуси қарибулвуқӯъи ИА ва СММ "Нури рӯшноӣ" ба Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рафъи ҳама гуна зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон кӯмак хоҳад кард.

Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро ҷаноби Борис Ярошевич, роҳбари шӯъбаи Осиёи Марказии Хадамоти Аврупоии корҳои хориҷа роҳбарӣ кард. Ҳайати Тоҷикистонро ҷаноби Абдуҷаббор Сатторзода, мудири Раёсати ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон роҳбарӣ кард. Даври навбатии муколамаи ҳуқуқи инсон байни ИА ва Тоҷикистон соли 2021 баргузор мешавад.