Andorra and the EU

Изҳороти Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо хонум Федерика Моғеринӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот - 3 майи соли 2018

Bruxelles, 02/05/2018 - 12:11, UNIQUE ID: 180502_6
Statements on behalf of the EU

Имрӯз мо Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуотро дар шароити душвор барои журнализм ҷашн гирифта истодаем. Озодии баён ва озодии матбуот дар саросари ҷаҳон зери таҳдид аст.

Ҳамла ба воситаҳои ахбори омма ва рӯзноманигорон ин ҳамла бар зидди демократия, бар зидди озодии ҳар кадоми мост. Мо ба ҳамаи рӯзноманигорон дар Аврупо ва тамоми ҷаҳон, ки дар адои қарзи касбии худ ҷонфидоӣ карданд, сари худамонро хам мекунем. Мо ҳамаи давлатҳоро даъват мекунем то зӯровариро нисбати рӯзноманигорон маҳкум намоянд, барои беҳтар кардани амнияти рӯзноманигорон чораҳо андешанд, ба рӯзноманигорони зан диққати хос диҳанд ва ҷинояткорону саркорони ин гуна зӯровариро ба адолат кашанд.

Иттиҳоди Аврупо мабнӣ бар арзишҳои демократӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, мабнӣ бар воситаҳои ахбори озоду гуногунандеш, ки ин дар ҳуҷҷати бунёдии Иттиҳоди Аврупо муқаррар шудааст, таъсис ёфтааст. Озодии матбуот дар пешбурди идоракунии хуб, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ нақши муҳим мебозад. Журнализми мустақил барои ҳисоботдиҳии давлатҳо ва назорати равандҳои демократӣ ҳаётан муҳим аст. Воситаҳои ахбори озод, гуногун ва мустақил, чи дар фазои Интернет ва чи берун аз он, аркони ҷомеаи гуногунандешу кушода мебошанд ва онҳо масъулияти бузург ба дӯш доранд то ба мардум хабарҳои дақиқу дурустро таъмин намоянд.

Эҳтироми озодии баён дар тамоми барномаҳои рушд ва сиёсии Иттиҳоди Аврупо дарҷ гардидааст. Қонунгузорӣ, сиёсат ва барномаҳои Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати таҳкими озодии воситаҳои ахбори омма ва дар тамоми Иттиҳод баланд бардоштани шаффофият, эътимоднокӣ ва гуногунрангии иттилоот, аз ҷумла дар Интернет, таҳия карда шуданд. Баҳри баланд бардоштани сатҳи журнализм, дастрасӣ ба иттилооти давлатӣ ва озодии баён, Иттиҳоди Аврупо маблағгузории лоиҳаҳои мақсаднокро дар кишварҳои сеюм идома хоҳад дод.

Мо доимо зӯровариро нисбати рӯзноманигорон маҳкум мекунем ва дар робитаҳои дуҷонибаи худ бо кишварҳои сеюм ва дар форумҳои бисёртарафа ва минтақавӣ бар зидди ҳар гуна қонунгузорӣ, қоидаҳо ва фишорҳои сиёсӣ, ки озодии баёнро маҳдуд месозанд, баромад мекунем ва барои пешгирӣ ва посух додан ба ҳамлаҳо ба рӯзноманигорон ва блогнависон чораҳои мушаххас меандешем, аз ҷумла баҳри ҳифзи ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ки зери хатари баланд ҳастанд, кӯмаки фаврӣ пешниҳод карда, ҳатто баъзан онҳоро ба дигар ҷойҳо мекӯчонем.

Имрӯз мо бори дигар омодагии Иттиҳоди Аврупоро дар давом додани ҳимоя ва пеш бурдани озодии ақида ва баён, ки ин ҳуқуқи ҳар як инсон дар ҳар як гӯшаи дунё мебошад, тавассути ҳар гуна васоити ахбор дар асоси принсипҳои умумият, баробарӣ, роҳ надодан ба табъиз дар ҳудуди хоки мо ва берун аз он таъкид мекунем.

Қисми муҳаррирон: