Delegation of the European Union to Venezuela

Изҳороти Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо Федерика Могеринӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии демократия 15 сентябр

Bruxelles, 15/09/2016 - 07:00, UNIQUE ID: 160914_11
Statements by the HR/VP

Statement by High Representative / Vice-President Federica Mogherini on the occasion of the International Day of Democracy on 15 September

Имрӯз мо Рӯзи байналмилалии демократияро қайд мекунем.

Демократия дар қалби Иттиҳоди Аврупо ҷо гирифтааст ва барои ҳамин, арзишҳои демократӣ, ки таҳкурсии мо мебошанд, бояд ҳар рӯз ва пеш аз ҳама дар хоки худамон нигоҳдорӣ кард. Демократия доимо садоқатро дар иштироки шаҳрвандӣ, шаффофият, гуногунандешӣ ва фарогирӣ талаб мекунад. Равобит ва боварӣ байни шаҳрвандон ва мақомоти интихобшудае, ки манфиатҳои мардумро бояд муаррифӣ намоянд, бисёр вақтҳо ғайриқаноатбахш буда, ба ташаннуҷи иҷтимоӣ ва тақсимоти сиёсӣ оварда мерасонанд.

Дар ҷаҳон арзишҳои демократӣ ҳануз ҳам барои бисёр одамон воқеият нашуданд. Мо аз қудрати шикастнопазиру ҷазбкунандаи ИА ва рағбати он ба дастгирии таҳкими демократия дар саросари ҷаҳон ифтихор дорем.

Тибқи ҳадафҳои бузурге, ки барои ҳуқуқи инсон ва демократия дар Нақшаи чорабиниҳои ИА дарҷ шуданд, Иттиҳоди Аврупо ҳозир аст, ки мушкилоту ситезаҳо дар ин самт ҳаллу фасл намуда, демократияро дар саросари ҷаҳон чун як низоми идоракуние, ки барои шаҳрвандон хизмат мекунад, дастгирӣ намояд. Ҳамчун аломати аён аз ғамхорӣ ва садоқати Иттиҳоди Аврупо, ин созмон ташаббусҳои зиёдеро, аз ҷумла 8 ҳайати нозирони интихоботӣ, ки порсол ба гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фиристода шуданд, маблағгузорӣ кард.

Стратегияи глобалии Иттиҳоди Аврупо манфиати муштараки моро дар ҳамкорӣ бо шариконамон дар саросари ҷаҳон дар самти бунёди демократия ва тартиби ҷаҳонӣ мабнӣ бар қоидаҳои мушаххас, ифода мекунад. Демократияҳои тобовар, эҳтироми ҳуқуқи инсон, адолат, ваҳдат, баробарӣ, гуногунандешагӣ ва адами табъиз ин кафили амнияти ҳақиқӣ ва шукуфоии минбаъдаи ҷаҳон аст. Ин қисми муҳими иҷроиши Ҳадафҳои Рушди Устувор аст, ки мо порсол онҳоро дар Аврупо ва дар тамоми ҷаҳон қабул кардем.

Мо саҳми худро ба иқдомоти ҷаҳонӣ давом хоҳем дод то сабабҳои аслии ҷидол ва камбизоатӣ, ки мардумро ба роҳҳои хатарноки ҳиҷрат водоранд, бартараф намоем. Яке аз ингуна сабабҳо ин давлатҳои ғайриустувори демократӣ мебошанд, ки ба эҳтиёҷоти шаҳрвандон ҷавобгӯ нестанд. Мо бо ҳукуматҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикони иҷтимоӣ ва бахши хусусӣ ҳамкориро давом медиҳем то демократия натиҷаҳои мубрамро барои як ҳар шахс биоварад.

Қисми муҳаррирон: