Хабарнома ба воситаҳои ахбори умум: Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо/муовини президент Кайа Каллас ба Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон сафар менамояд
Илова ба омодагӣ ба Саммити аввалини байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки дар Самарқанди Ӯзбекистон (3-4 апрели соли 2025) баргузор мешавад, таваҷҷӯҳ ба доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла таъсири ҷанги Русия алайҳи Украина ба минтақа, инчунин нақлиёт ва алоқаи рақамӣ, ашёи хоми муҳим, энергетика ва захираҳои об, тиҷорат, робитаҳои байни мардум, маориф ва тадқиқот равона карда мешавад.
Пеш аз ҷаласаи вазирон, Намояндаи олӣ/муовини президент бо Вазирони корҳои хориҷии Туркманистон - Рашид Мередов, ва Тоҷикистон – Сироҷиддин Муҳриддин, ва инчунин бо Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов мулоқот анҷом хоҳад дод.
Пас аз ҷаласаи вазирон, нишасти матбуотӣ бо Намояндаи олӣ/муовини президент Каллас 27 март тақрибан соати 14:45 (10:45 бо вақти Аврупои марказӣ) баргузор мегардад.
Изҳороти муштарак дар ин саҳифа нашр мегардад.
Намояндаи олӣ/муовини президент баъдан ба Ӯзбекистон сафар намуда, он ҷо бо Вазири корҳои хориҷӣ Бахтиёр Саидов ва Президент Шавкат Мирзиёев мулоқот анҷом медиҳад. Сипас ба Алмаатои Қазоқистон ташриф оварда, рӯзи ҷумъаи 28 март бо Мурат Нуртлеу, Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, ҳамчунин бо Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев мулоқот хоҳад намуд.
Маводҳои аудиовизуалӣ аз ин боздид дар саҳифаи Хадамоти пахши Аврупо (EbS) дастрас хоҳанд буд.
Маълумоти бештарро дар бораи равобити Иттиҳоди Аврупо бо Осиёи Марказӣ дар ин ҷо пайдо кардан мумкин аст.
Оиди фаъолитяи Намояндаи олӣ ва Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои навгониҳомустақим пайгирӣ намоед.