Форуми «Global Gateway»: Иттиҳоди Аврупо бо ҳадафи таҳкими гузариши барқии Осиёи Марказӣ сармоягузориро ба энергетикаи обӣ афзоиш медиҳад
Иттиҳоди Аврупо дар якҷоягӣ бо шариконаш сармоягузориҳои навро ба инфрасохтори гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ эълон кард, ки он ба андозаи назаррас амнияти энергетикӣ ва обии минтақаро беҳтар мегардонад. Аз ҷумла, дар лоиҳаи бузурги НБО-и «Камбарата-1» дар Қирғизистон бо имзои Ёддоштҳои тафоҳум байни Иттиҳоди Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо ва Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бо маблағи умумии 900 миллион евро, инчунин асосноккунии техникӣ-иктисодӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мегардад, пешравии назаррас ба назар гирифта шуд. Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ҳамчунин бо Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон Ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонида, масъалаи пешниҳоди бастаи маблағгузории муштарак дар ҳаҷми 1,3 миллиард евро барои дастгирии лоиҳаро баррасӣ мекунад.
Ин сармоягузориҳои нав дастрасӣ ба нерӯи барқ беҳтар намуда, барои ҷамоатҳои маҳаллӣ имкониятҳои иқтисодиро боз мекунад. Изҳоротҳо дар Форуми «Global Gateway», ки рӯзҳои 9-10 октябр дар Брюссел баргузор шуда истодааст, пахш гардидаанд.
Ҷозеф Сикела, Комиссари Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, изҳороти навро дастгирӣ кард:
“Дар давоми ташрифи охирам ба Осиёи Марказӣ, ман аҳамияти обро барои суботи тамоми минтақа ба таври қатъӣ эътироф кардам. Сармоягузории оқилона ба нерӯгоҳҳои обӣ метавонад дастрасӣ ба нерӯи барқи боэътимод ва дастрасро беҳтар гардонад, барои аҳолии маҳаллӣ даромад таъмин намояд ва ҳамзамон рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муҳити зистро дастгирӣ намояд. Аз дастгирии ояндаи Нерӯгоҳи барқи обии "Қамбарата-1", ки барои тавлиди нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ аҳамияти калидӣ дорад, мефахрем. Сармоягузории нави мо шарикии стратегии Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказиро мустаҳкам мекунад.”
“Ба шарофати кафолатҳои Комиссияи Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо, ҳамчун "бонки иқлим", инфрасохторро, ки ҳамкориҳои минтақавии барқиро дар Осиёи Марказӣ таҳким мебахшад, дастгирӣ мекунад. Мо иқтидори лоиҳаи Нерӯгоҳи барқи обии "Қамбарата-1"-ро ҳамчун воситаи муҳими тавсеаи тиҷорати нерӯи барқароршавандаи барқ дар минтақа, мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани амнияти энергетикӣ мешуморем,”
гуфт Кириакос Какурис, Ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо, шахси масъул барои ҳамоҳангсозии фаъолияти бонк дар Осиёи Марказӣ. Ин шарикӣ ӯҳдадории Иттиҳоди Аврупоро барои амиқтар гардонидани шарикии стратегии худ бо Осиёи Марказӣ, ки бар эҳтироми мутақобила ва таъмини манфиатҳои муштарак барои одамон ва сайёра асос ёфтааст, таъкид мекунад.
“Нерӯгоҳи барқи обии "Қамбарата-1" як лоиҳаи пешрафтаи минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ буда, ҳадафи он таҳкими амнияти энергетикӣ ва обӣ ва дастгирии рушди барқи барқароршаванда мебошад. БАТР ҳамчун сармоягузори пешбар дар ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ бо хушнудӣ иттисоли минтақавӣ ва идоракунии самараноки захираҳои об дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва шарикони он дастгирӣ мекунад,”
қайд кард Одил Рено-Бассо, Президенти БАТР.
Тавассути ташаббуси «Тими Аврупо», ки Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои узв, муассисаҳои молиявӣ ва бахши хусусиро муттаҳид мекунад, Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барои беҳтар кардани ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба идоракунии об фаъолият мебарад. Ин ҳамкорӣ инчунин иқтидори гидроэнергетикии минтақаро, аз ҷумла тавассути ташаббуси «Тими Аврупо» оид ба об, энергетика ва тағирёбии иқлим, боз мекунад. Ҳадафи ин лоиҳа ҳалли мушкилоти обу энергетикӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва мусоидат ба гузариши "сабз" ва "кабуд" дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар форум Иттиҳоди Аврупо натиҷаҳои гузариши минтақавиро ба иқтисоди "сабз" ва ислоҳоти бахши миллии барқиро дар заминаи ташаббуси «Тими Аврупо» оид ба об, энергетика ва тағирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ кард. Иштирокчиён инчунин дурнамои ду лоиҳаи ба нақша гирифташудаи «Global Gateway» дар минтақа: Неругоҳи барқи обии «Қамбарата-1» ва Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро баррасӣ карданд.
Маълумот
Неругоҳи барқи обии «Қамбарата-1»
Ин лоиҳаи табдилдиҳандаи энергетикӣ ҳоло дар дарёи Норини Қирғизистон дар марҳалаи таҳия қарор дорад. Ин бузургтарин иншооти гидроэнергетикии кишвар ва яке аз муҳимтарин иншооти Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Пас аз анҷоми сохтмон, он амнияти энергетикии Қирғизистонро ба таври назаррас тақвият бахшида, ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад. Ҳамчун як лоиҳаи навсохтмон, он аллакай таваҷҷуҳи донорҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Бонки Рушди Итолиёи "Cassa Depositi e Prestiti"-ро, ки "Тими Аврупоро" намояндагӣ мекунанд ва мавқеи худро ҳамчун шарики марказӣ дар истеҳсоли барқӣ барқароршаванда тасдиқ мекунанд, ба худ ҷалб намуд.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун
Ин лоиҳаи бузурги барқи тоза – сохтмони баландтарин сарбанди ҷаҳон – барои Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти калидӣ дорад. Он метавонад то соли 2032 тавлиди нерӯи барқи кишварро ду баробар афзоиш диҳад, норасоии дохилиро ҳал кунад, декарбонизатсияи минтақаро суръат бахшад ва содироти нерӯи барқи минтақавиро таъмин кунад. Бо роҳбарии Бонки Ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо ва як қатор донорҳо якҷоя барои ин лоиҳа чаҳорчӯбаи устувор эҷод мекунанд. Якчанд ширкатҳои аврупоӣ низ дар лоиҳа фаъолона иштирок мекунанд.
Форуми «Global Gateway»
Форуми «Global Gateway» пешвоёнро аз Иттиҳоди Аврупо ва саросари ҷаҳон, инчунин ҷонибҳои асосии манфиатдор аз бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешвоёни афкор, муассисаҳои молиявӣ ва созмонҳои байналмилалиро барои пешбурди сармоягузории ҷаҳонӣ ба инфрасохтор - ҳам сахт ва ҳам нарм - барои ноил шудан ба ҲРУ, рушди устувор ва субот дар саросари ҷаҳон муттаҳид мекунад.
Global Gateway
«Global Gateway» як пешниҳоди мусбати Иттиҳоди Аврупо барои коҳиш додани нобаробарии ҷаҳонии сармоягузорӣ ва инкишофи робитаҳои оқилона, тоза ва бехатар дар бахшҳои рақамӣ, энергетика ва нақлиёт, инчунин таҳкими системаҳои тандурустӣ, маориф ва тадқиқот мебошад.
Стратегияи «Global Gateway» равиши «Тими Аврупо»-ро дар бар мегирад, ки Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва ниҳодҳои молиявии рушди аврупоиро муттаҳид мекунад. Якҷоя мо ният дорем, ки аз соли 2021 то 2027 то 300 миллиард евро сармоягузории давлатӣ ва хусусиро бо эҷоди на ин ки тобеият, балки робитаҳои муҳим, ва бартараф кардани тафовути сармоягузории ҷаҳонӣ сафарбар кунем.
Маълумоти бештар