Delegation of the European Union to the Holy See,
Order of Malta, UN Organisations in Rome
and to the Republic of San Marino

ФАО ва ИА тақвият додани ҳамкориҳоро баҳри беҳдошти хизматрасониҳои байторӣ таъкид мекунанд

Dushanbe, 01/07/2019 - 00:00, UNIQUE ID: 190702_5
Press releases

дар Душанбе конференсияи илмӣ-амалӣ оид ба беҳгардонии таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои баландсифат, инчунин беҳтар намудани хизматрасониҳои байторӣ ба анҷом расид.

EU FAO VET Services-Tajikistan

 

Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи ФАО оид ба тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат баргузор гардид, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад.

 

Конференсия дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон баргузор гардид. Намояндагони Институти ветеринарӣ, Институти масоили амнияти биологӣ ва созмонҳои ҳавасманд дар чорабинии мазкур ширкат варзиданд. Чорабинӣ барои иштирокчиён бо мақсади омӯхтани имкониятҳо ва мушкилотҳои хадамотҳои хусусии байторӣ, амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ бағизои баландсифат шароит фароҳам овард.

 

Барнома аз презентатсияҳои кори Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон дар доираи лоиҳа ва муҳимияти таҳияи стратегияи рушди хадамоти хусусии байторӣ иборат буд.

 

Бо афзоиши аҳолии ҷаҳон, шаҳрсозӣ ва тағироти афзалиятҳои озуқаворӣ зиёд шудани истеъмоли маҳсулотҳои чорводорӣ дар ояндаи наздик дар назар дошта шудааст. Эҳтимол аст, ки талаботи истеъмолӣ инчунин ба эҳтиёҷоти васеъ гардондани чорводорӣ мусоидат мекунад. Бо дарназардошти саҳми муҳими хизматрасониҳои байторӣ ба занҷираҳои таъминоти чорво, онҳо бояд барои некуаҳволии аҳолӣ, ҳайвонот ва муҳити зист тақвият дода шаванд.

 

“Чорводорӣ нақши муҳимро дар ташаккули даромад, шуғли аҳолӣ, амният ва бехатарии озуқаворӣ барои аҳолии деҳот дар Тоҷикистон мебозад. Ҳатто миқдори ками маҳсулотҳои чорводорӣ метавонад бо таври назаррас ба ратсиони ғизои инсоният мусоидат кунад,” таъкид намуд Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.

 

“Дафтари ФАО дар Тоҷикистон таърихи дурударози дастгирӣ кардани соҳаи чорвожориро дар Тоҷикистон дорад. ФАО як қатор лоиҳаҳоро барои дастгирӣ кардани рушди соҳаи чорводорӣ амалӣ кардааст, аз ҷумла саҳми пурарзишро дар беҳтар намудани хизматрасониҳои байторӣ гузоштааст. Бо диққати бештар ба тақвият додани шабакаҳои назорати беморӣ ватакмили омодагии донишҷӯён мо кӯшиш мекунем, ки зерсехтори байториро дастгирӣ кунем.”

 

Фаъолиятҳои байторӣ дар ҳамаи марҳилаҳои истеҳсолоти маҳсулоти чорводорӣ аз ферма то лаҳзаи истеъмол тавассути паст кардани сатҳи бемориҳои ҳайвонот ва хатарҳо барои ҳаёти инсон, баланд бардоштани сатҳи истеҳсолот ва меъёрҳои сифат ва амнияти маҳсулотҳои озуқаворӣ саҳми муҳим мегузоранд.

 

“Бахши чорводорӣ барои иқтисодиёти миллӣ муҳим буда, ҳам ба эҳтиёҷоти молиявӣ ва ҳам ба эҳтиёҷоти ғизои кишвар тавассути маҳсулоти гушт ва дигар хизматрасониҳо саҳм мегузорад,”гуфт Маҳмадназар Кашкуллоев, роҳбари Ассотсиатсияи Ветеринарҳои Тоҷикистон. “Барои ҳамин вақти таҳияи стратегияи рушди хадамотҳои хусусии байторӣ расидааст.”

 

Иттиҳоди Аврупо ва ФАО аз соли 2016 якҷоя бо мақсади дастгирии ислоҳоти сиёсии соҳаи кишоварзӣ дар кишвар, аз ҷумла таҳияи стратегияҳои мувофиқ, тарҳрезии сохторҳои институтсионалӣ ва таҳкими донишу малакаҳои муассисаҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ фаъолият мекунанд.

 

ТАМОС:

Бунафша Азимова
Мутахассиси кор бо ВАО
ФАО Тоҷикистон
Тел: +992 93 577 33 73
E-mail:
Bunafsha.Azimova@fao.org

Қисми муҳаррирон: