Delegation of the European Union
to the United Nations - New York

Якумин конфронси Миллӣ оид ба фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Dushanbe, 15/08/2019 - 00:00, UNIQUE ID: 190819_8
Press releases

Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо гузарондани Якумин конфронси Миллиро оид ба фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта аст.

EU Fin Conference

 

Новобаста ба пешравии умумии дар самти дастрасии молиявӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва фарогирии хизматрасониҳои молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мушкилӣ боқӣ мемонанд.

 

Дар доираи лоиҳаи NICE-TAK, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва бо ҳаммаблағгузории муштараки Вазорати федералии Олмон оид ба рушди иқтисодӣ амалӣ мешавад, Ассотсиатсияи Миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи Ташкилотҳои Маблағгузории Хурди Тоҷикистон (АТМХТ), Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон (БАТР) ва лоиҳаи GIZ " Дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ (TRIGGER)" моҳи августи соли 2019 гузарондани Якумин конфронси Миллӣ оид ба фарогирии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта аст.

 

Ҳадафи конфронс ин дарёфт кардан ва омӯхтани инноватсияҳо дар бозорҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ, ки онҳо барои ҷалб намудани аҳолии сатҳи даромадаш паст, дар бозори хизматрасонии молиявӣ мусоидат мекунанд, мебошад.  

 

Лоиҳаи NICE-ТАК  барои таъмини фаъолияти босифат ва самараноки Конфронси мазкур  дар минтақаҳои Хуҷанд, Рашт, Хоруғ, Бохтар ва Душанбе аллакай мизҳои мудавварро дар мавзӯъҳои  рушди соҳибкории занон, дастрасӣ ба молия ва маориф, истифодаи  технологияҳои иттилоотӣ ва мавзӯъҳои барои минтақаҳо муҳим гузаронд. Натиҷаҳои муҳокимаи барномаҳои мизҳои мудаввар ва пешниҳодоти дар он гуфташуда дар конфронс маърӯза карда мешаванд.

 

Конфронс барои муҳокима ва ҳамоҳангсозии амалҳо заминаи самаранок мегардад. Дар он намояндагони ташкилотҳои молиявии Осиёи Марказӣ, ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, БМТ, парламент, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва провайдерҳои рушди тиҷорат иштирок хоҳанд варзид.

 

Конфронс метавонад ба фаҳмиши зарурати иштироки муассисаҳои молиявӣ ва муассисаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи фаъолияти васеъ, ки дар доираи васеъгардонии дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ амалӣ карда мешавад, саҳм гузорад. Илова бар ин, конфронс ба муҳокима ва пешбурди ҳал ва амалии он дар шакли маҳсулоти молиявӣ, хизматрасониҳо, воситаҳо ва хидматҳо, ки ба беҳтаргардонии саводнокии молиявӣ ва дастрасӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд, равона карда мешавад.

 

Конфронс бо дастгирии бевосита ва ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 

Лоиҳаи NICE-TAK “Равобити ташкилотҳои дастгирии соҳибкорӣ ва корхонаҳои рақобатпазир дар Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҷониби консорсиуми байналмилалӣ амали карда мешавад, ки ба ҳайати он ташкилотҳои зерин дохил мешаванд: Ташкилоти ғайридавлатии байналмиллалии итолиёии CESVI, Бизнес Клуби Бишкек (БКБ), Ассотсиатсияи Миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон (АМСХМ), Ассотсиатсияи Миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ). Консорсиуми мазкурро ташкилоти ғайридавлатии олмонии sequa gGmbH идора мекунад.

 

Мақсади асосии лоиҳа ин баланд бардоштани сатҳи рушди корхонаҳои хурд ва миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон буда, диққати махсус ба рушди соҳаи ҳунармандӣ нигаронида шудааст. Ин мақсад тавассути бунёди иқтидор ва дастгирии ташкилотҳои тиҷоратии миёнарав дар Точикистон ва Қирғизистон ба даст оварда мешавад.

 

Конфронс 15 августи соли 2019 дар меҳмонхонаи  «Hyatt Regency»  аз 09:00 то 16:00 баргузор хоҳад шуд.

 

Барои маълумоти иловагӣ ба шахсони зерин тамос гиред:

Мадина Каримова – Ҳамоҳангсози лоиҳа, CESVI, тел: (+99293) 3250225, суроғаи электронии: tajikistan_officer@cesvioverseas.org

Нозимова М – Муовини директори АМЗСТ, тел. (+99292) 6157597, суроғаи электронии: nozimova.mukhabbat@gmail.com.

Қисми муҳаррирон: