Delegation of the European Union to Tunisia

Шартномаи маблағгузорӣ ва амалисозии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи обии барқии хурд дар Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Иттиҳоди Аврупо ба имзо расид

Dushanbe, 23/07/2020 - 13:28, UNIQUE ID: 200723_7
Press releases

Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ширкати Помир Энерҷӣ ва Бонки Олмонии Рушд KfW шартномаи маблағгузорӣ ва амалисозии лоиҳаи нерӯгоҳи хурди обӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба имзо расониданд.

Minister of Economic Development and Trade, Mr. Zavqi Zavqizoda

 

Дирӯз Вазири рушди иқтисод ва савдо – ҷаноби Завқӣ Завқизода, Мудири ширкати Помир Энерҷӣ – ҷаноби Далер Ҷумъаев ва Бонки Олмонии Рушд KfW шартномаи маблағгузорӣ ва амалисозии лоиҳаро барои бунёди нерӯгоҳи хурди обии Себзорро имзо карданд, ки ин нерӯгоҳ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) сохта мешавад. Дар маросими баимзорасонӣ Роҳбари бахши Ҳамкории  Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ҷаноби Стефано Эллеро ва роҳбари намоянадагии KfW дар Тоҷикистон, Др. Андреас Шнайдер ширкат карданд. Ин шартнома бар Созишномаи саҳмгузорӣ ба маблағи 20 млн евро асос меёбад, ки моҳи декабри 2019 аз ҷониби Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, хонум Мэрилин Йозефсон ва роҳбари намояндагии Бонки Олмонии Рушд дар Тоҷикистон, Др. Андреас Шнайдер ба имзо расида буд.

Маблағи ҷудошуда дар ҳаҷми 20 млн евро ба 17 млн еврое, ки пештар Ҳукумати Олмон барои ин лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гуфтушуниди байниҳукуматӣ с.2018 ҷудо карда буд, замм мегардад.

Ин лоиҳа сохтмони нерӯгоҳи хурди ҷараёниро бо иқтидори 11 Мегаватт ва зарфияти тавлиди солонаи 74,5 миллион киловатт/соат нерӯи барқ дар руди Шохдараи ВМКБ ба нақша гирифтааст. Зиёда аз 220 ҳазор истифодабарандагони нерӯ дар вилоят, ки ба шабакаи барқи Помир Энерҷӣ пайваст шудаанд, аз лоиҳа баҳра мегиранд ва аз дастрасии беҳтар ба нерӯи барқи устувор, боэътимод ва нисбатан арзон бархурдор мегарданд. Инчунин, лоиҳа ба баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқ дар ВМКБ тавассути кам кардани хатари қатъи нерӯи барқ аз ҳисоби офатҳои табиӣ нигаронида шудааст. Гузашта аз ин дар доираи лоиҳа сохтани як бинои мактаб барои 400 хонанда дар н.Роштқалъаи ВМКБ дар назар аст.

Маблағгузории лоиҳа тавассути бонки давлатии Олмон – KfW сурат мегирад. Масъули иҷрои лоиҳа – ширкати Помир Энерҷӣ мебошад, ки системаи энергетикаи ВМКБ-ро тибқи аҳдномаи имтиёзнок бо Ҳукумати ҶТ идора мекунад.

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: намояндагии Бонки Олмонии Рушд дар Тоҷикистон, KfW.Duschanbe@kfw.de.

Қисми муҳаррирон: