Delegation of the European Union to Tunisia

Иттиҳоди Аврупо ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) қисмати аввали тақсимоти лавозимоти тиббиро барои мубориза алайҳи COVID-19 ба 153 беморхонаҳои Тоҷикистон ба анҷом расониданд

Dushanbe, 11/06/2020 - 16:08, UNIQUE ID: 200611_8
Press releases

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табибони хатти пеши ҷабҳа қисмати аввали тақсимоти лавозимоти муҳофизати шахсиро, ки дар мубориза бар зидди COVID-19 зарур аст, ба анҷом расониданд.

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон якҷоя бо ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи аввали тақсими 24,7 тонна лавозимоти дар доираи саҳми Иттиҳоди Аврупо дар вокуниши таъҷилӣ ба сар задани #COVID-19 дар Тоҷикистон ба анҷом расонида истодааст. Таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ, аз ҷумла ҳароратсанҷҳо, либосҳои муҳофизатии тиббӣ ва ниқобҳои навъи N95/FFP, дар 153 беморхона ва муассисаҳои тиббии Тоҷикистон тақсим карда мешаванд. Рӯйхати беморхонаҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муайян карда шуда, бо назардошти эҳтиёҷоти таъҷилӣ, маводҳои мавҷуда ва принсипи пешгирии такрори дастгирӣ аз тарафи дигар донорҳо тартиб дода шудааст. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон молҳоро мустақиман ба бемористонҳо аз рӯи рӯйхати замимашуда расонид. Таҷҳизот ва маводҳои иловагии тиббӣ, ки аз ҷониби Оҷонсии Швейтсария оид ба рушди ҳамкорӣ дар Тоҷикистон низ пешниҳод карда шудаанд, ҳамзамон дар рӯҳияи таҳкими шарикӣ барои дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза алайҳи пандемияи Ковид19 тақсим карда шуданд.

PDF iconEU Timeframe for PPE Distribution Tajikistan- Рӯйхати тақсимоти лавозимоти муҳофизатӣ ба беморхонаҳои Тоҷикистон.

*Эзоҳ барои муҳаррирон

7 апрел, Иттиҳоди Аврупо нақшаи ҷаҳонии вокуниши пурзур ва интихобшударо барои дастгирии кӯшишҳои кишварҳои шарик дар мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 эълон кард. Ҳамчун яке аз қисмҳои ин нақша, ИА ба Тоҷикистон 48 миллион ЕВРО барои пурзур кардани омодагии кишвар барои мубориза бар зидди таъсири манфии COVID-19, дастгирии пайдарпаӣи хизматрасониҳои тиббӣ, маориф, дастрасии низомҳои кофии об ва санитария ва кам кардани таъсири иҷтимоӣ ва иқтисодии пандемия дастгирӣ пешниҳод мекунад.

Барномаи рушди тандурустӣ, киаз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, бо диққати асосӣ ба тандурустӣ, идоракунӣ ва молияи он аз соли 2008 ин ҷониб дар Тоҷикистон амал мекунад. Дар марҳилаи нави (2020-2025) ИА 30 миллион ЕВРО барои пурзур кардани низоми тандурустии ҷамъиятӣ барои ноил шудан ба фарогирии пурраи тандурустӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард. Дар вокуниш ба COVID-19 қисмҳои барнома оиди пешгирии сироят, назорат ва дастрасии ҳамгироии кӯмаки аввалияи тиббӣ, маблағгузории иловагии дар маҷмуъ 22 миллион ЕВРО қабул мекунанд, ки ин миқдори захираҳои таҳти барнома дастрасро ба 52 миллион ЕВРО мерасонад. Барнома тамоми ноҳияҳоро дар бар гирифта аз тарафи ЮНИСЕФ, GIZ ва ТУТ татбиқ хоҳад шуд.

#EUSolidarity, #EU4Tajikistan

Оиди барномаҳо ва фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷо шинос шавед:

Сомона: https://eeas.europa.eu/delegations/tajikistan_en

Facebook:  https://www.facebook.com/EUinTajikistan   

Twitter: https://twitter.com/euintajikistan

 

Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар 190 кишварҳо фаъолият карда ба кӯдакони аз ҳама осебпазир кӯмак мекунад. Соли 1946 таъсис ёфта, Хазинаи кӯдакони СММ бо шарикон баҳри аз байн бурдани душвориҳое ки кӯдакон аз сабаби қашоқӣ, зуроварӣ, сироят ва табъиз бо онҳо рӯбару мешаванд, фаъолият мекунад. ЮНИСЕФ фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 1993 оғоз кард. Барои маълумоти иловагӣ дар хусуси COVID-19 ва дастури ҳифзи кӯдакон ва оилаҳо муроҷиат кунед: https://uni.cf/38L M5F9.

Дар навбати худ, ЮНИСЕФ Тоҷикистон ҳамеша тайёр аст ҳамкоронро аз Ҳукумати Тоҷикистон дастгири намояд ва  аз моҳи феврал ин ҷониб, мувофиқи дархости Ҳукумат, чор бастаҳои ТМШ, мафодҳои безараркунӣ ва маҳсулотҳои лозимаи гигиенаро харид ва дастраси ҳамкорон намудааст. ЮНИСЕФ инчунин яке аз пешсафони Иртиботи хатар ва ҷалби ҷомеа (риск коммуникации) буда, тариқи шарикон барои истеҳсоли маводҳои зарурии иртиботӣбаҳри дастгирии пешгирии ва профилактикаи COVID-19 дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла беморхонаҳо ва муассисаҳои асосии тиббӣ, пурзур кардани тавоноии мутахассисони таб ва кормандони сафи пеш дар вокуниши кофӣ ба хатари COVID-19 фаъолият карда истодааст.

Қисми муҳаррирон: