Delegation of the European Union to Tunisia

"Меваҳои Зарафшон – роҳ ба сӯи рушд": Иттиҳодияи фермерон барои амали дастаҷамъона

Dushanbe, 21/10/2019 - 13:01, UNIQUE ID: 191021_10
Press releases

"Меваҳои Зарафшон – роҳ ба сӯи рушд": Иттиҳодияи фермерон барои амали дастаҷамъона

Аввали моҳи октябри соли 2019, ташкилоти Оксфам  БК дар Тоҷикистон маросими ифтитоҳи расмии корхонаи коркарди меваҳои хушкро дар шаҳри Панҷакент таҳти бренди “Зерафшан Фрутс” ба истифода дод. Корхонаи мазкур дар ҳамгироӣ байни Иттиҳодияи Фермерии “Ганҷи Зарафшон”, ки 800 деҳқон аъзои он мебошанд ва ширкати “Агротехснаб” бо усули Ҳамкории фермерии хусусӣ ташкил ёфтааст.

 

Корхонаи мазкур таҳти лоиҳаи “Тақвият бахшидани  идоракунӣ ва ҳифзи манбаҳои обӣ ва табиии болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон’’, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад, таҳия гардида, дар доираи консортсиум таҳти роҳбарии Агро Аксияи Олмон дар ҳамкорӣ бо Оксфам, ташкилотҳои ҷамъиятии "Рушди Инноватсия ва Иштирок" ва "Азал"  амалӣ карда мешавад. Дар маросими ифтитоҳ намояндагони Мақомоти Ҳокимияти Иҷроияи давлатии ноҳияи Панҷакент, намояндагони корхонаҳои хусусии истеҳсолие, ки дар мамлакат дар занҷираи арзиши бозор шомиланд ва ҳамчунин аъзоёни консортсиум иштирок варзидаанд.

 

Иттиҳодияи Фермерии “Ганҷи Зарафшон” ва ширкати хусусии “Агротехснаб” моликон ва саҳмгузорони якҷояи корхонаи мазкур мебошанд, ки он фаъолияти худро ба самти коркард, бастубанд ва фуруши себи хушки босифат дар дохил ва хориҷи мамлакат равона сохта, дастрасии зиёда аз 800 деҳқони минтақаи Зарафшонро ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ таъмин менамояд. Ин ҳамкорӣ ба аъзоёни Иттиҳодияи Фермерӣ дар баланд бардоштани даромаднокӣ, тайёрии касбӣ, дастгирии инфрасохтор, воситаҳои зиёд кардани иқтидори маҳсулот кӯмак намуда барои ширкати хусусӣ бошад дар робита ба таҳвили ашёи хом, коркард дар водии Заравшон ва бунёди дарозмӯҳлати робитаи бозорӣ бо харидорони эҳтимолӣ, фоида хоҳад расонд. Ҳамчунин, корхонаи мазкур истеҳсолоти маҳаллиро афзун намуда ба ташкил намудани ҷойҳои кории нав, фурўш ва содирот, ташкили робитаҳои бозоргонӣ байни харидорон ва истеҳсолкунандагон, баланд бардоштани самаранокии  кор ва  манфиатҳои ҳар ду ҷониб мусоидат менамояд.

Қисми муҳаррирон: