Delegation of the European Union to Tunisia

Конфронс ва ярмаркаи намоишӣ дар ноҳияи Айнӣ

Dushanbe , 09/10/2019 - 14:36, UNIQUE ID: 191009_9
Press releases

Конфронс ва ярмаркаи намоишӣ дар ноҳияи Айнӣ: Сӯҳбат дар бораи натиҷаҳо ва таҷрибаи ду консорсиум, ки се сол инҷониб дар водии Зарафшон фаъолият мекунанд

EU Water and Natural Resources Management - Ayni

Кор зери як бом - Барномаи рушди деҳот I аз Иттиҳоди Аврупо - аммо дар ду лоиҳаи гуногун, Консорсиуми Агроаксияи Олмон (Welthungerhilfe) ("Тақвият бахшидани идоракунӣ ва ҳифзи манобеи обӣ ва табии болооби дарёи Зарафшон") ва Консорсиуми Фонди Тоҷикистонии Оғохон ("Баланд бардоштани сифати зиндагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути идоракунии устувори захираҳои табиӣ") охири моҳи сентябр ба ҳамагон нишон дод,  ки муттаҳид кардани созмонҳои гуногун, шарикон ва ҳамкасбон имконпазир аст ва барои  мубодилаи таҷрибаҳо оид ба идоракунии мукаммали захираҳои табиӣ дар болообҳои водии Зарафшон фазои смарабахшро фароҳам овард.

EU Water and Natural Resources Management - Ayni

Дар конфронсе, ки аз ҷониби ду консорсиум дар маркази фарҳангии «Фарҳанг»-и ноҳияи Айнӣ ташкил карда шуд, тақрибан 200 нафар ширкат варзиданд. Чорабинӣ бо ярмаркаи намоишӣ дар саҳни марказ оғоз ёфт, ки дар он баъзе таҷҳизоти кишоварзӣ намоиш дода шуданд, аз ҷумла мотоблок бо якчанд дастгоҳ, насоси барқӣ ва шабакаҳои офтобии гуногун. Пас аз он  раиси ноҳияи Айнӣ, намояндаи Иттиҳоди Аврупо, намояндаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон ва инчунин Директори минтақавии Агроаксияи Олмон суханони шодбошӣ гуфтанд ва  ду консорсиум  худро муаррифӣ карданд. Пас аз хӯроки нисфирӯзӣ, иштирокчиён дар гурӯҳҳои хурди корӣ  таҷрибаҳои пешқадам, дарсҳои омӯхташударо  дар мавзӯҳои  идоракунии ҳавзаи обӣ, бахши кишоварзӣ / занҷири арзиш / тиҷорат / маҳсулот, таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт / оби нӯшокӣ / ғизо, чарогоҳ / чорво / роҳҳои чорвогузар  / самарнокии сарфаи нерӯи барқ / ҳифзи хок муҳокма карда, як қатор тавсияҳо пешниҳод карданд.

Иштирокчиёни чорабинӣ намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва ҳавзаҳои лоиҳаи се ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба рушд дар баргузории мубоҳисаҳо саҳм гузоштанд.

Конфронс бо ғояҳои гуногун ва пешниҳоди тавсияҳои нав, ки барои кори ояндаи мо дар водии Зарафшон баррасӣ хоҳанд шуд, анҷом ёфт.

Қисми муҳаррирон: