Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

EEAS RSS Feeds

Displaying 71 - 80 of 157

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) ва Иттиҳоди Аврупо ба ҳукумати Тоҷикистон баҳри ҷорӣ намудани системаи ягонаи оморӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар, ки барои банақшагирии соҳаи кишоварзӣ ва таҳияи сиёсат хеле мӯҳим аст, кӯмак мерасонад.

Дар Душанбе Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Кўмаки техникӣ мусоидат ба ислоҳоти нафақа» ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Шаҳодатнома дар соҳаи Асосҳои илми актуарӣ (илми риёзӣ барои ҳисоббарории хавфҳои суғуртавӣ ва нафақа ва таъсири молиявии онҳо) такдим намуданд.

Созмони Озуқаворӣ ва Кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар ҳамкории зич бо Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон курсҳои 10-рӯзаро барои рушди касбӣ ба ветеринарҳои коромӯз дар тамоми кишвар дастрас мекунад.

Омӯзиши якрӯза оид ба ҷамъоварии ҳосил дар асоси натиҷаҳои агрометеорологӣ барои 15 нафар мутахассисон аз Агентии обуҳавошиносӣ, Вазорати кишоварзӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Сафоратҳои Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронии қавии худро оид ба мурофиаи судии рӯзноманигори мустақил Хайрулло Мирсаидов баён менамоянд.

Баъд аз обхезиҳое, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар ҷануби Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастанд, Комиссияи Аврупо 60 000 евроро (тақрибан 630,000 сомонӣ) ҳамчун ёрии молиявии башардӯстона барои расонидани кӯмаки фаврӣ ба ҷамоатҳое аз офати табиӣ зарар диданд, маблағ ҷудо кардааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов Петер Буриан, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт

Аз номи Иттиҳоди Аврупо изҳороти Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо хонум Федерика Моғеринӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи ҳомофобия, трансфобия ва бифобия (17 майи соли 2018)

Аз 12 то 13 майи соли 2018 дар меҳмонхонаи «Бурана», деҳаи Арал, Ҷумҳурии Қирғизистон, Бизнес-Форуми водии Фарғона доир ба мавзӯи: «Афзалиятҳои водии Фарғона барои содироти маҳсулоти меваю сабзавот» баргузор мегардад.

Pages