Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Наҷотбахшони тоҷик даври якуми курси омӯзишии ташкилнамудаи САҲА ва Иттиҳоди Аврупоро оид ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда хатм карданд

Dushanbe, 10/10/2020 - 08:26, UNIQUE ID: 201010_7
Press releases

Ин аввалин силсилаи курсҳои омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи 18-моҳаи маблағгузоришудаи Иттиҳоди Аврупо «Босуботгардонии минтақаи марзи ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон» буд, ки барои таҳкими иқтидори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ таҳия шудааст.

20 нафар наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон курси чорҳафтаинаи омӯзиширо хатм карданд, то малакаи худро оид ба гузаронидани амалиётҳои саҳроии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар шароитҳои душвор, ки одатан ҳангоми иҷрои вазифаҳояшон дучор меоянд, такмил доданд. Курси  маблағгузоринамудаи Иттиҳоди Аврупоро Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумита доир намуд.

Дар ҷараёни курс иштирокчиён ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, гендерӣ ва ҳуқуқи инсонро ҳангоми гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшӣ, роҳҳои истифодаи таҷҳизот ва техникаи кӯҳнавардӣ, рушди малакаҳои хондани харитаҳои ҳарбӣ ва топографӣ, пайгирӣ ва усулҳои ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ дар дарёҳо ва минтақаҳои кӯҳии ба сел осебпазирро фаро гирифтанд.

Курси омӯзиширо намояндагони Кумита ва коршиносони САҲА гузарониданд.

«Мо аз густариши қобилияти мудофиаи шаҳрвандӣ тавассути ҳамкории рушдёфта дар минтақа хеле хурсандем. Аз ҷумла, байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки ҳамкориҳо дар соҳаи амният ва мудофиаи шаҳрвандӣ барои сафарбаркунии вокуниши самарабахши фавқулодда дар минтақаҳои марзии муштарак хеле муҳиманд. Боварӣ дорам, ки чунин курсҳо барои самараноктар гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва амалиётҳо дар ҳолати фавқулодда, наҷот додани ҳаёти зиёдтар кӯмак мекунанд ва барои таъмини воситаҳо барои зиндагӣ дар ҳарду ҷониби сарҳад саҳм мегиранд” - гуфт Сафир Мэрилин Йосефсон, Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.

«Ман ба роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон барои дастгирӣ дар ташкили ин курси омӯзишӣ, ки ба 20 наҷотбахш кӯмак намуд, ки малакаи худро дар вокуниш ба ҳолати фавқулодда такмил диҳанд, арзи сипос мекунам» гуфт Валериу Кивер, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе. «Ҳамзамон, ман интизори ҳамкории Дафтари мо бо Кумита дар даври дуюми курси омӯзишӣ дар доираи ин лоиҳа мебошам, ки ба шарофати дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо сурат мегирад.»

Ин аввалин силсилаи курсҳои омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи 18-моҳаи маблағгузоришудаи Иттиҳоди Аврупо «Босуботгардонии минтақаи марзи ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон» буд, ки барои таҳкими иқтидори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ таҳия шудааст. Ҳадафи лоиҳа баррасии таҳдидҳо ва хатарҳои марбут ба офатҳои табиӣ мебошад, ки Тоҷикистон аксар вақт дар саросари кишвар ва бахусус дар марзи ҷанубии он дучор меояд. Лоиҳа аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ карда мешавад.

Иттиҳоди Аврупо аз соли 2003 инҷониб амният ва идоракунии самарабахши сарҳадро дар Тоҷикистон, бахусус тавассути Барномаи минтақавии идоракунии сарҳад дар Осиёи Марказӣ (BOMCA) ва Барномаи амалиёти зидди қочоқи маводи мухддир дар Осиёи Марказӣ (CADAP) мусоидат мекунад. Тавассути Барномаи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ки ба сулҳ ва субот саҳм мегузорад, Иттиҳоди Аврупо ба сохтани инфрасохтори муҳим дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба эътидол овардани минтақаҳои наздисарҳадӣ, ба муколамаи наздимарзӣ баҳри таҳаммулпазирӣ ва сулҳ ва дастгирии фаъолиятҳое, ки ба пешгирии ифротгароии хушунатомез ва паҳн кардани маълумоти бардарӯғ (дезинформация) равона мешаванд мусоидат мекунад.

 

Қисми муҳаррирон: