Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввари минтақавӣ оид ба масъалаҳои пешбурди бехатарии ғизоӣ дар Осиёи Марказӣ

Душанбе, 23/09/2020 - 07:51, UNIQUE ID: 200923_2
Press releases

Мизи мудаввари минтақавӣ оид ба масъалаҳои пешбурди бехатарии ғизоӣ дар Осиёи Марказӣ

CANDY V

 

Санаи 30 сентябри соли 2020 бо иштироки намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мизи мудаввари минтақавӣ баргузор карда мешавад, ки дар он нақшаҳои ҳамкорӣ мавриди муҳокима мегарданд ва мавқеи мувофиқашуда оид ба пешбурди системаҳои бехатарии ғизоии маҳсулоти кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ карда мешаванд.

Вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҷорӣ, ки маҳз бо пандемия ба амал омадааст, мизи мудаввар онлайн (тариқи фосилавӣ) баргузор мегардад.

Иштирокчиёни мизи мудаввар масъалаҳои ташаккули шароити мусоиди институтсионалиро, ки барои татбиқи системаи байналмилалии эътирофшудаи стандартҳои бехатарии ғизоии маҳсулоти кишоварзӣ «GlobalG.AP», ки пайгирии давраи пурраи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро, аз лаҳзаи харид ё истеҳсоли тухмӣ, ва дигар захираҳои техникӣ ва технологӣ то лаҳзаи истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ фарогир мебошад, муҳокима менамоянд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар таҳлили фаврии шароити институтсионалӣ барои татбиқи стандарти GlobalG.A.P. дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод ва муҳокима карда мешавад. Таҳлилро Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи мушовирони касбии Тоҷикистон» омода намудааст.

Дар мизи мудаввар намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ (мақомоти стандартизатсия, вазоратҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон), ташкилотҳои байналмилалӣ ва ассотсиатсияҳои соҳавӣ иштирок мекунанд.

Мизи мудаввар аз ҷониби консортсиуми CANDY V таҳти роҳбарии ташкилоти байналмилалии австриягӣ Hilfswerk International дар доираи лоиҳаи "Ҳамгироии минтақавӣ ва баландбардории иқтидори рақобатнокии КМХМ дар агробизнес ва мусоидат ба тиҷорат дар Осиёи Марказӣ", ки аз ҷониби барномаи Иттиҳоди Аврупо "Central Asia - Invest V" ва Оҷонсии рушди австриягӣ дар якҷоягӣ бо БРСММ дар Ӯзбекистон, лоиҳаи “Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ (Марҳилаи - III)” маблағгузорӣ мешавад, ташкил мегардад.

 

Барои маълумоти бештар, лутфан ба Сарвари намояндагии Hilfswerk International дар Осиёи Марказӣ, Умед Асланов, тариқи почтаи электронӣ тамос гиред: aslanov@hilfswerk.tj.

 

Қисми муҳаррирон: