Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо имконияти маблағгузории ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар Тоҷикистон эълон менамояд

Dushanbe, 23/07/2020 - 00:00, UNIQUE ID: 200723_23
Press releases

Иттиҳоди Аврупо барои тамоми дархостҳои пешниҳодшуда барои ин озмуни лоиҳаҳо 2,909,305 евро пешниҳод мекунад.

Намояндагии ИА дар Тоҷикистон даъвати нав барои пешниҳоди лоиҳаҳо дар дастгирии созмонҳои ғайритиҷоратӣ, ба монанди ташкилотҳои ғайридавлатӣ, идораҳои бахши давлатӣ, мақомоти маҳаллӣ ё созмонҳои байналмилалиро нашр кард. Довталабон метавонанд грантҳои Иттиҳоди Аврупоро дар ду самти афзалиятнок - дастгирии шахсони дорои маълулият ва тавсеаи имкониятҳо барои рушди худшиносии ҷавонон ва афзоиш додани иштироки онҳо дар қабули қарорҳо гиранд.

Умуман Иттиҳоди Аврупо барои тамоми дархостҳои пешниҳодшуда барои ин озмуни лоиҳаҳо 2,909,305 евро пешниҳод мекунад. Довталабон метавонанд барои лоиҳа аз 200,000 то 400,000 евро грант дархост пешниҳод кунанд.

Ташкилотҳои номзадҳое, ки берун аз Тоҷикистон таъсис ёфтаанд, бояд якҷоя ҳадди аққал бо ду ташкилоти шарики маҳаллии Тоҷикистон лоиҳаро пешниҳод кунанд ва ба лоиҳаи пешниҳодшуда мувофиқи фоизи дар дастурамалҳои озмун нишон додашуда саҳм гузоранд.

Бо назардошти таъсири COVID-19, ташкилотҳои маҳаллии тоҷик аз саҳми ҳатмии маблағгузории худ озод карда шудаанд. Ҳамин тариқ, маблағи лоиҳаҳои пешниҳодшуда, агар он ба ҳадди озмун мувофиқ бошад, метавонад аз ҳисоби гранти ИА пурра маблағгузорӣ карда шавад. Довталабоне, ки дар Тоҷикистон таъсис ёфтаанд, бояд ҳамроҳи ҳадди аққал як ташкилоти шарикӣ барои гирифтани грант дархост кунанд.

Пас аз раванди меъёрии баҳодиҳии рақобатӣ ва шаффоф, иҷрои лоиҳаҳои инфиродӣ аз соли 2021 оғоз гардида, дар муддати аз 24 то 36 моҳ амалӣ мегарданд. Мӯҳлати охири пешниҳоди лоиҳаҳо 4 сентябри соли 2020 соати 13:30 (бо вақти Брюссел) аст.

Даъвати расмӣ барои пешниҳодҳо ва тамоми тафсилоти дархост ва интихоби онҳо дар саҳифаи зерин ҷой дода шудааст: https://europa.eu/!XK73vq.  

Сабти ҷаласаи иттилоотӣ оид ба тартиби гирифтани грантҳои Иттиҳоди Аврупо дар саҳифаи фейсбуки Намояндагии ИА дар Тоҷикистон гузошта шудааст: https://www.facebook.com/watch/?v=290073045541448.

Қисми муҳаррирон: