Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо маросими ифтитоҳи насоси обкашӣ дар ҷамоати Навгилеми шаҳри Исфара баргузор гардид

Dushanbe, 18/12/2019 - 11:17, UNIQUE ID: 191218_4
Press releases

Дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо маросими ифтитоҳи насоси обкашӣ дар ҷамоати Навгилеми шаҳри Исфара баргузор гардид

Дар доираи лоиҳаи “Фаъолгардонии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати шахсони амалкунанда дар соҳаи идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва амалинамоии лоиҳаҳо барои рушди минтақаҳои деҳот”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон (ХАОМ – Тоҷикистон) дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии "Умед" рӯзи 20 ноябр дар деҳаи Офтобрӯи ҷамоати Навгилеми шаҳри Исфара, вилояти Суғд маросими ифтитоҳи насоси обкаширо баргузор намуд.

 

Дар маросим бо сухани ифтитоҳӣ Раиси ҷамоати Навгилем - Болтаев А. ва намояндаи мақомоти маҳаллии ҷамоати Навгилем Саломзода С. Баромад намуданд. Директори ХАОМ - Тоҷикистон Сайфиддинов Азимҷон дар мавзӯи «Лоиҳаҳои кунунии ХАОМ-Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани иқтидори ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва кумитаҳои маҳалла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд» баромад намуданд.

 

Дар ин чорабинӣ инчунин раиси кумитаи маҳаллаи деҳаи Офтобруй Ҳайдаров С. ва инчунин сокинони ҷамоати деҳоти Офтобруй ширкат варзиданд, ки баҳрабардорони асосии ин ташаббус мебошанд. Роҳбари ТҶ "Умед" инчунин дар бораи афзалиятҳои хоси насоси обкашӣ ва аҳамияти он ба аҳолии маҳалла ва умуман минтақа, суханронӣ намуд.     

                                    

Барои гирифтани маълумоти муфассал: ш. Душанбе, 734024, к. Малика  Собирова 63/2, тел.: (+992) 44 610 21 11, почтаи электронӣ: info@ef-ca.tj

 

Қисми муҳаррирон: