Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Этно-Фестивали Солинавии маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва органикӣ

Dushanbe, 12/12/2019 - 06:37, UNIQUE ID: 191212_3
Press releases

Этно-Фестивали Солинавии маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва органикӣ

Бизнес Клуби Бишкек дар доираи лоиҳаи NICE-TAK (Networking Intermediaries and Competitive Enterprises in Tajikistan and Kyrgyzstan), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва бо хаммаблаггузории муштараки Вазорати федералии Олмон оид ба рушди иқтисодӣ амалӣ мешавад, "Этно Фестивали Солинавии маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва органикӣ"-ро ташкил мекунад. 

 

Ҳадафи асосии этно-фестивали солинавӣ ин таблиғи маҳсулотҳои ҳунармандӣ ва органикӣ, инчунин ҷалби сокинони маҳаллӣ ба фарҳанги этноӣ ва шиносоӣ бо истеҳсолкунандагони ватанӣ мебошад.

 

Фестивал 14 – 15 декабр аз соати 12:00 то 19:00 дар шаҳри Бишкек баргузор мегардад.

 

Этно-фестивал ба ҳунармандони Мактаби бизнеси дизайн ва ҳунарҳои мардумии лоиҳаи NICE-TAK, деҳқонон ва сокинони шаҳр равона карда шудааст.

 

Меҳмонони ин чорабинӣ натанҳо маҳсулоти ҳунарҳои дӯстдошта ва органикӣ аз қабили маҳсулоти намадӣ, хӯрокворӣ, либоси гарм, нӯшокиҳои миллӣ, лавозимот, ороиши хона, заргарӣ ва ғайраро харидорӣ карда метавонанд, балки имконияти дар семинарҳои ҷолиб ширкат варзидан ва намоишҳои эҷодиро тамошо карданро доранд. Инчунин барномаҳои дигари фестивал ин Ярмаркаи Тӯҳфаҳои Солинавӣ, хӯрок бо нӯшокиҳои гарм, барномаи кӯдакон, барномаи фарҳангӣ ва тантанаҳо мебошанд.

 

Ҷашнвора дар қаҳвахонаи Baan Baan Thai Café, ки дар суроғаи Тунюстанова 193/А ҷойгир аст, баргузор мегардад. Даромад ба чорабинӣ ройгон аст.

 

Мактаби бизнеси дизайн ва ҳунарҳои мардумӣ як майдонест барои ба даст овардани малакаҳо, ки тавассути он ҳунармандон ва зебосозон метавонанд даври тамоми истеҳсолот ва фурӯшро идора кунанд, инчунини дигар қарорҳои инноватсионӣ ва зебосозиро барои эҷоди санъат ва ҳунарҳои анъанавӣ, ки сирри истеҳсолоти маҳаллиро бо талаботи байналмилалӣ ба маҳсулоти ҳунармандӣ ва ороишӣ пайваст мекунад, омӯзанд.

 

Лоиҳаи NICE-TAK “Равобити ташкилотҳои дастгирии соҳибкорӣ ва корхонаҳои рақобатпазир дар Тоҷикистон ва Қирғизистон аз ҷониби консорсиуми байналмилалӣ амалӣ карда мешавад, ки ба ҳайати он ташкилотҳои зерин дохил мешаванд: Ташкилоти ғайридавлатии байналмилалии итолиёвии CESVI, Бизнес Клуби Бишкек (БКБ), Ассотсиатсияи Миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон (АМСХМ), Ассотсиатсияи Миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ). Консорсиуми мазкурро ташкилоти ғайридавлатии олмонии sequa gGmbH идора мекунад.

 

Мақсади асосии лоиҳа ин баланд бардоштани сатҳи рушди корхонаҳои хурд ва миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон буда, диққати махсус ба рушди соҳаи ҳунармандӣ нигаронида шудааст. Ин мақсад тавассути бунёди иқтидор ва дастгирии ташкилотҳои тиҷоратии миёнарав дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба даст оварда мешавад.

 

Барои маълумоти иловагӣ тамос гиред:

Айбек Патиев – PR Менеҷери Бизнес Клуби Бишкек, рақами телефон: +996 312 580 520, суроғаи электронӣ: po@bdk.kg

 

Қисми муҳаррирон: