Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгирии таҳияи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Dushanbe, 28/11/2019 - 12:46, UNIQUE ID: 191128_13
Press releases

Дастгирии таҳияи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Намояндагии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати баррасии корҳои омодагӣ барои Шарҳи муштаракаи солонаи татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020 ва таҳияи Стратегияи нави миллии солимии аҳолӣ (СМСА) барои давраи то соли 2030 мизи мудаввар баргузор менамояд. Дар ин мизи мудаввар дар муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» намояндагони котиботи Стратегияи миллии солимии аҳолӣ, гурӯҳҳои кории техникӣ ва шарикони рушд, ки татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд, ширкат меварзанд.

 

Тавре аз натиҷаҳои ҳисобот оид ба натиҷаҳои татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020 бармеояд, ҳарчанд вазъи солимӣ ва давомнокии чашмдошти ҳаёт дар Тоҷикистон беҳтар мегарданд, вале нобаробариҳо ҳамоно зиёд боқӣ мемонанд. Низоми тандурустӣ ба идораи қавӣ эҳтиёҷ дошта, аз ҷиҳати маблағгузории номувофиқ ва захираҳое, ки ноадолатиро нисбат ба тандурустӣ ба вуҷуд меоранд, дучори мушкилиҳо шудааст. Азбаски бемориҳои сироятӣ чун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ монда, сатҳи бемориҳои ғайрисироятӣ рӯ ба афзоиш аст, татбиқи усулҳои сиёсати байнисоҳавии ҷавобгӯ ба ҳадафҳои байналмилалӣ ҷалби таваҷҷуҳро талаб менамояд.

 

Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, бо назардошти Стратегияи пешинаи миллии солимӣ, ба сифати стратегияи ояндадор ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои ошкоршуда бо мақсади беҳтаргардонии солимӣ ва некуаҳволии аҳолии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад. Стратегия ба натиҷаю нишондиҳандаҳои мушаххас нигаронида шуда, бо низоми баҳогузорӣ барои мониторинги пешрафт дастгирӣ меёбад. СМСА-2030 дар асоси усули ҳамафарогир таҳия мегардад, ки он имкони пешбурди муколамаи созандаи сиёсиро бо тарафҳои манфиатдори асосӣ фароҳам меорад.

 

Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳалли масъалаҳои зерин равона мегардад:

  • Ҳалли мушкилиҳои асосие, ки дар низоми тандурустӣ ошкор шудаанд, бо роҳи ҷалби таваҷҷуҳ ба унсурҳои сохтории низоми тандурустӣ: идораи тандурустӣ, маблағгузории тандурустӣ, расондани хизматҳои тиббӣ ва захираҳо барои тандурустӣ. СМСА-2030 ба тақвияти Низоми иттилоотии идораи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва масъалаҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои таҳкими низоми миллии тандурустии кишвар бо мақсади таъмини фарогирии умумӣ бо хизматҳои тандурустӣ (ФУХТ) барои 10 соли оянда замина фароҳам меорад;
  • Таҳкими идораи барномаҳои миллии солимӣ ва некуаҳволӣ бо ҷалби таваҷҷуҳи хоса ба ҳуқуқҳои инсон, таъмини адолат, баробарии гендерӣ ва шароитҳои иҷтимоии солимӣ;
  • Таҳкими низоми тандурустии ҷамъиятӣ бо ҷалби таваҷҷуҳ ба хизматҳои муттаҳидаи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ;
  • Мусоидат ба ҳамкории байнисоҳавӣ вобаста ба масъалаҳои тандурустӣ дар доираи идораи тандурустӣ барои таъмини мувофиқати сиёсат ва тарғиби сиёсати тандурустӣ дар маҷмуъ вобаста ба ҳадафҳои мутобиқ дар соҳаи рушди устувор.

Дар рафти ин кор гурӯҳи мушовироне, ки барои дастгирии ислоҳоти тандурустӣ дар Аврупои Ғарбӣ ва Осиёи Марказӣ донишу таҷрибаҳои васеъ доранд, ба котиботи Стратегияи миллии солимии аҳолӣ ва чор гурӯҳи кории техникию мавзӯӣ (ГКТМ), ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои таҳияи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъсис додааст, ёрӣ мерасонад. Ин кор шарҳи маълумотҳои ҷории дар таҳлил ва ҷамъбасти баҳогузории татбиқи СМСА-2020 ва дигар ҳуҷҷату сарчашмаҳо асосёфта, мубоҳисаҳои фаъол дар бораи ҳолати ҷорӣ ва дурнамои дастоварҳои минбаъда, ҷалби тарафҳои муҳими манфиатдор ва таҳияи бобҳои гуногуни ҳуҷҷатро дар бар мегирад.

 

Соли 2018 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шарҳи ҳаматарафаи пешрафт ва дастовардҳои СМСА-2020-ро доир намуд ва ҳисоботи техникӣ бо дастгирии Шарикии ТҶТ-ИА-Люкс ФУХТ таҳия гардид. Ин ҳуҷҷат дар рафти мизи мудаввар 8 майи соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин мизи мудаввар аҳамияти ҳифзи иҷтимоӣ ва некуаҳволии аҳолӣ бори дигар таъкид гардида, ҷалби мутахассиси дахлдор ба ҳар як ГКТМ ҷиҳати пешбурди ҳамин масъала мувофиқи мақсад дониста шуд.

Мизи мудаввари дуюм 29 августи соли 2019 дар доираи ташрифи мушовирони ТҶТ баргузор гашт. Мушовирон барои таҳлили кори ГКТМ, баррасии марҳилаҳои оянда ва мувофиқаи татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолӣ дар се марҳила ёрӣ расонданд.

 

Мизи мудаввари сеюм 11 октябри соли 2019 баргузор гашт, ки дар рафти он лоиҳаҳои гуногуни бобҳо мувофиқи фаслҳои асосии ҳуҷҷати стратегӣ ва такмилҳои зарурӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон гурӯҳи мушовирон бо истифодаи кори фосилавӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои таҳияи намунаи аввалин ва тақрибан пурраи ҳуҷҷат ёрӣ расонданд.

 

Дар рафти мизи мудаввари чорум, ки 5 ноябри соли 2019 баргузор гашт, мувофиқи рӯйхати аъзоёни Кумитаи ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ тахминан 70 иштирокчӣ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти маҳаллии тандурустӣ, вазорату идораҳои дахлдор, инчунин шарикони рушд иштирок намуданд.

 

Мушовирони ҷалбгардида ҳамроҳ бо ГКТМ лоиҳаи пешакии Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро таҳия карда, барои баррасӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамаи шарикони ҷалбгардида пешниҳод намуданд. Ҳадафи ин мизи мудаввар аз баррасии лоиҳаи ҳозираи бобҳои асосии СМСА-2030, баррасии мазмуни онҳо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти минтақавии тандурустӣ, дигар вазоратҳо ва шарикони рушд иборат буд. Баъдан кори муштараки фаъол бо иштироки гурӯҳҳои кории техникӣ ва мушовирони байналмилалӣ бо мақсади пешниҳоди лоиҳаи ояндаи ҳуҷҷат ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои баррасии минбаъда ҷараён гирифт.

 

Лоиҳаи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, мувофиқи нақша, дар доираи Саммити якҷояи солонаи тандурустӣ, ки 5 декабри соли 2019 баргузор мешавад, муаррифӣ мегардад. Аз натиҷаҳои баррасӣ дар рафти саммити зикргардида лоиҳаи ниҳоии ҳуҷҷати СМСА-2030 бо қолаби нишондиҳандаҳои калидӣ такмил дода шуда, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод мегардад.

 

Иттиҳоди Аврупо уҳдадор шудааст, ки ҷиҳати таҳия ва ҳисоби арзиши нақшаи сесолаи амал барои Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 минбаъд ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёрӣ мерасонад.

 

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Очилов Абдурашид,, тел.: +992 92 777 11 65, почтаи электронӣ: ochilovrashid@mail.ru.

Қисми муҳаррирон: