Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИА ва БАТР рақобатпазирии занҷирҳои арзиши иловагии кишоварзиро бо маблағгузории иқлим дар Точикистон такмил мадиҳанд

Dushanbe, 25/11/2019 - 07:34, UNIQUE ID: 191125_2
Press releases

ИА ва БАТР рақобатпазирии занҷирҳои арзиши иловагии кишоварзиро бо маблағгузории иқлим дар Точикистон такмил мадиҳанд

GEFF

 

Фермерҳо ва корхонаҳо дар саросари занҷирҳои арзиши иловагии кишоварзии гуногун  дар Тоҷикистон, аз дастрасии беҳтар ба маблағгузорӣ ва технологияҳои иқлимӣ тавассути Механизми Маблағгузории Иқтисодии Сабз (GEFF) Тоҷикистон, ки имрӯз ба шарофати шарикии бештар дар байни Иттиҳоди Аврупо, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР), Хазинаи Иқлими Сабз (ХИС) ва Кореяи Ҷанубӣ оғоз ёфт, баҳра хоҳанд бурд.

 

Тоҷикистон ба тағирёбии иқлим, бахусус захираҳои об, бахши кишоварзӣ ва системаи гидроэнергетикӣ хеле осебпазир аст.

 

GEFF Тоҷикистон хатти қарзӣ иборат аз 25 миллион доллар барои сармоягузорӣ ба технологияҳои самаранок мебошад, ки ба беҳтаргардонии истифодаи об, нерӯ ва замин дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои молиявии маҳаллӣ равона гардидаанд. Ташкилоти амонатии қарзии хурди “ХУМО” аввалин шарикест, ки ба Барномаи Маблағгузорӣ ҳамроҳ шуда, бо маблағи 1 миллион доллари амрикоӣ барои қарздиҳии минбаъда ба мизоҷони худ, қарз гирифтааст.

 

Қарзҳои мазкур барои сармоягузорӣ ба технологияҳои гуногуни муосир, аз ҷумла обёрии қатрагӣ, яхдонҳои каммасрафи барқӣ, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории оби борон ва хушккунакҳои офтобӣ равона карда мешаванд. Бенефитсиарҳо метавонанд тавассути маъхази Интихобкунандаи Технологияҳо технологияҳои ба иқлим мусоидро муайян кунанд, ки аз ҷониби Гурӯҳи Мусоидати Техникии GEFF дар Тоҷикистон дастгирӣ карда мешаванд.

 

ИА ба деҳқонон ва корхонаҳо грантҳои сармоягузориро ба маблағи қариб 4 миллион доллар пешниҳод менамояд, то сармоягузорӣ ба технологияҳои муосир ва самаранок рақобатпазирии онҳоро афзун гардида, фоидаи экологӣ ва иҷтимои ба даст оварда шавад ва инчунин дастрасӣ ба молияи арзон таъмин гардад. GEFF Тоҷикистон аз 6,25 миллион доллари ИМА, ки аз тарафи маблағгузории имтиёзноки ХИС пешкаш гардидааст ва 18,75 миллион доллари ИМА-и БАТР-ро муттаҳид менамояд. ХИС ва Кореяи Ҷанубӣ ба маблағи беш аз 3 миллион доллар кӯмаки техникӣ пешниҳод кардаанд.

 

Бо дарки фарқиятҳои гендерӣ аз дастрасӣ ба маблағгузории технологияҳои иқлимӣ, GEFF Тоҷикистон чораҳоеро меандешад, ки ба баланд бардоштани имкониятҳои баробар барои занон ва мардон дар дастрасӣ ба молия ва технология равона карда шудаанд. Чунин фаъолиятҳо ба тавсеаи маблағгузории бахши хусусии иқлим ва ба аҳолӣ барои муқовимат ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим кӯмак хоҳад кард.

 

GEFF Тоҷикистон дар таҷрибаи бомуваффақияти пешинагони худ, лоиҳаи ECTAP, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардида буд ва Барномаи Таҷрибавии Маблағгузории Тағирёбии Иқлими БАТР, CLIMADAPT асос ёфтааст. ECTAP аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкории зич бо БАТР таҳия ва маблағгузорӣ шудааст. Дар доираи ECTAP, ба деҳқонони тоҷик барои сармоягузорӣ ба технологияи муосир ва чорвои сермаҳсул беш аз 5 миллион доллар ҷудо карда шуда буд. Чунин сармоягузориҳо аз ҳисоби грантҳои Иттиҳоди Аврупо ба маблағи қариб 1 миллион доллари ИМА барои бартараф намудани монеаҳои бозорӣ, ки ба рушди устувори иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат мекунанд, дастгирӣ шудаанд.

 

БАТР шарики бисёрҷонибаи ИА дар соҳаи иқлим мебошад ва ИА дар ҳамдастӣ бо БАТР ҷиҳати васеъ намудани имкониятҳои маблағгузории хусусӣ барои бахши иқлим дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он, 14 GEFF-ро дастгирӣ мекунад. То имрӯз БАТР ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон тақрибан 670 миллион евро (ба маблағи 740 миллион доллари амрикоӣ) сармоягузорӣ кардааст. Модернизатсия, диверсификатсия ва фарогирии иҷтимоӣ рукнҳои асосии дастгирии Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди деҳот дар Тоҷикистон боқӣ мемонанд ва дар давраи солҳои 2014-2020 ба ин соҳа 100 миллион евро маблағгузорӣ карда мешаванд.

 

То имрӯз, ХИС барномаҳои БАТР-ро бо маблағи 830 миллион доллар дастгирӣ мекунад, ки ин беш аз 3,6 миллиард доллар аз арзиши умумии лоиҳа мебошад. ХИС фонди калонтарини иқлим дар ҷаҳон аст, ки кӯшишҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар мубориза бо тағирёбии иқлимро дастгирӣ мекунад.

 

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: tajikistan@ebrdgeff.com

 

Қисми муҳаррирон: