Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти ҷузъи кӯмаки техникии Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон (ECTAP)

Dushanbe , 22/11/2019 - 11:41, UNIQUE ID: 191122_2
Press releases

Ҷамъбасти ҷузъи кӯмаки техникии Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон (ECTAP)

ECTAP

 

21 ноябр маросими ҷамъбасти ҷузъи кӯмаки техникии “Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон” (ECTAP), ки аз ҷониби Иттиходи Аврупо (ИА) маблағгузорӣ шудааст, дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Бино ба тавзеҳи бенефитсиарон, лоиҳа барои навсозӣ ва диверсификатсия дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон бо тариқи баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва мустаҳкам намудани занҷири истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва сифати онҳо бомуваффақ мусоидат намуд.

 

Тавре ки хонум Мэрилин Йосефсон, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон қайд намуд: “Навсозӣ, диверсификатсия ва ҳамгироии иҷтимоӣ яке аз рукнҳои калидии дастгирии ИА оид ба рушди соҳаи деҳот боқӣ мемонад. ИА тасмим гирифтааст ки дар давраи солҳои 2014-2020 барои рушди ин соҳа 100 миллион евро  сармоягузорӣ кунад. Ниҳоят, дастгирии рушди бахши хусусӣ, алахусус дар соҳаи агробизнес, яке аз афзалиятҳои асосӣ барои ИА ба ҳисоб меравад ва лоиҳаи ECTAP дар ин ҷода саҳми назаррас гузоштааст”.

 

Зиёда аз 10.000 деҳқонони маҳаллӣ аз кӯмаки техникии лоиҳа баҳра бурданд. Тренингҳои махсус оид ба технологияҳои муосири кишоварзӣ ба монанди обёрии қатрагӣ, ҳифзи растаниҳо ва идоракунии боғу полезҳо пешкаши дехқонон гардиданд. Инчунин, бо мақсади санҷидани зироатҳои серҳосили хӯроки чорво ва генетикаи муосир, қитъаҳои намоишӣ ташкил карда шуда рӯзҳои намоишӣ барои амалиёти инноватсионии кишоварзӣ багузор гардиданд. Илова бар ин, таъминкунандагони хизматрасониҳо дар самти паҳн намудани донишҳои кишоварзӣ барои пешкаши хизматрасонии беҳтар барои зиёда аз 20.000 мизоҷонашон аз ҷониби ECTAP  дастгирӣ карда шуданд.

 

ECTAP бо истифода аз усули „Аз деҳқон ба дастархон“ махсусан хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ва занонро дар истеҳсоли маҳсулоти гӯштиву ширӣ ва инчунин меваю сабзавот, коркард, санҷиши сифат ва брендинг дастгирӣ намуд.  Ҳамзамон лоиҳаи ECTAP дар пайваст намудани агробизнес ва хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ бо харидорони маҳсулоти онҳо ва таъминкунандагони техникаи кишоварзӣ нақши муҳим бозид.

 

Бозоралӣ Одина – сардори Комбинати шири Кӯлоб мегӯяд : "ECTAP корхонаи моро дар мустаҳкам намудани стратегияи тиҷоратӣ дастгирӣ намуда, ба пурқувват намудани рақобатпазирии корхонаамон мусоидат намуд. Акнун мо метавонем маҳсулоти шириамонро бо сифати баланд ба харидорон пешкаш намоем".

 

Бо мақсади баланд бардоштани дастрасии деҳқонон ба маблағгузорӣ, ECTAP иқтидори муассисаҳои молиявии маҳаллии рушдро мустаҳкам намуда, ба онҳо дар таҳияи маҳсулоти нави қарздиҳӣ, ки барои соҳаи кишоварзӣ мувофиқ аст, кӯмак расонид. Дар ин ҷода, ECTAP дар якҷоягӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) даст ба даст кор бурдааст, ки пешниҳоди хатҳои қарзиро ба муассисаҳои молиявии маҳаллӣ барои додани қарз ба деҳқонон, агробизнес ва инчунин таъминкунандагони хизматрасониҳо дар самти паҳн намудани донишҳои кишоварзӣ идома хоҳад дод. ИА маблағгузории худро дар шакли грант ба қарзҳои БАТР илова намуда, ба баланд бардоштани дастрасии деҳқонон ба маблағгузорӣ мусоидат намуд.

 

ECTAP дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 форуми байналмилалии сармоягузориро оид ба соҳаи кишоварзӣ баргузор намуд, ки барои мустаҳкам намудани дониши кишоварзону агробизнесҳо, афзоиши сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои пешрафтаи чаҳон мусоидат намуд. Форумҳо беш аз 750 намояндагони агробизнеси хориҷиву маҳаллӣ ва инчунин таъминкунандагони техникаи кишоварзиро бо ҳам оварданд. Дар илова, ECTAP чор сафари омӯзиширо ба Аврупо ва Ӯзбекистон ташкил кард, ки иштирокчиёнро бо таҷрибаи пешқадами хоҷагидорӣ ва агробизнес шинос намуд.

 

ECTAP аз ҷониби ИА дар ҳамкории зич бо БАТР таҳия ва маблағгузорӣ шуда, дар асоси консорсиум таҳти роҳбарии Мактаби молия ва идоракунии Франкфурт татбиқ карда шудааст.

 

Бо такя ба таҷрибаи ҳамаҷонибаи лоиҳаҳои ECTAP ва БАТР CLIMADAPT, ҷузъи маблағгузории БАТР идома меёбад. Барои муассисаҳои молиявӣ он ба механизми маблағгузории минбаъда, Барномаи маблағгузории иқлими сабз (GEFF) табдил меёбад, ки мақсади он аз васеъ намудани дастрасӣ ба маблағҳо ва баланд бардоштани рақобатпазирии занҷири бунёди арзиш дар соҳаи кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои пурмаҳсул иборат аст.

 

Барои маълумоти бештар, хоҳишмандем, тариқи суроғаи зерин бо мо дар тамос шавед: ectap@int.fs.de

 

Қисми муҳаррирон: