Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷҳизоти нави лабораторӣ барои баланд бардоштани сифат ва бехатарии озуқаворӣ дар Тоҷикистон

Dushanbe, 15/11/2019 - 05:41, UNIQUE ID: 191115_25
Press releases

ФАО ва ИА мустаҳкам намудани иқтидори ташхисии Кумитаи бехатарии озуқавориро дастгирӣ менамоянд

EU helps upgrade food quality and safety in Tajikistan

 

12 ноябр соли 2019 Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) таҷҳизоти лабораториро барои тақвияти низоми назорати сифат ва бехатарии озуқаворӣ дар Тоҷикистон ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд. Чорабинӣ як қисми лоиҳаи ФАО мебошад, ки барои тақвияти муассисаҳо ва  иқтидори хадамоти соҳаи кишоварзӣ ва байторӣ равона карда шудааст, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад. Маросими супоридани таҷҳизот дар Маркази миллии ташхиси Кумита дар Душанбе баргузор гардид.

 

Иқдоми мазкур дар ҳамкорӣ бо Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар чаҳорчӯбаи раванди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон барои беҳтар гардондани низоми назорати сифат ва бехатарии озуқаворӣ дар лабораторияҳои назоратии сарҳадии кишвар амалӣ шудааст. Ин ба ҳукумати Тоҷикистон имконият медиҳад, ки ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулода  вокуниш ва омодагии беҳтар дошта бошанд ва хатарҳои марбут ба бехатарии озуқавориро коҳиш диҳанд. Таҷҳизот аз экспресс-анализаторҳои шир ва гӯшт, микроскопи флуоресентӣ, детектори радиатсия, тестери нитрат, термометри инфрасурхи дистансионӣ, термобокс, овоскоп ва ғайраҳо иборат мебошад.

 

Амнияти озуқаворӣ ва сифат торафт аҳамияти калон пайдо намуда истодааст, зеро ба бозорҳои Тоҷикистон аз манбаъҳои гуногун маҳсулоти озуқаворӣ ворид карда мешаванд. Озмоиши лабораторӣ ҷараёни муҳимест, ки ба таҳлилу ташхис барои муайян кардани мушкилот бо маҳсулоти хӯрокворӣ асос меёбад.

 

Он маълумоти таҳлилиро оид ба сифати маҳсулот ё раванди истеҳсолӣ бо мақсади дастгирии сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ пешниҳод мекунад. Ҳадафи онҳо муайян кардани олудагии ашёи хом ё ифлосшавӣ пас аз истеҳсол ва қабл аз фурӯши онҳо дар бозорҳо мебошад.

 

Тавре ки хонум Мэрилин Йосефсон, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон қайд намуд: “Таҷҳизот ва иқтидори кормандони лаборатория на танҳо барои таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ барои истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон муҳим аст, балки инчунин истеҳсолкунандагони тоҷикро барои мутобиқат ба талаботи бехатарии озуқаворӣ, масалан барои содирот ба бозорҳои Аврупо дастгирӣ мекунад. Мо маҳсулоти бештари тоҷиконро дар Аврупо истиқбол мекунем ва таъмин намудани таҷҳизоти лабораторӣ қадами муҳим ва дар самти дуруст аст. Афзоиши содирот ба рушди иқтисодиёт мусоидат мекунад ва сатҳи зиндагии мардуми деҳотро дар Тоҷикистон беҳтар хоҳад намуд. “

 

 “Ин як қадами муҳими дастгирии мо ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ мебошад. Ташаббуси мазкур дар доираи лоиҳае, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, амалӣ мегардад. Назорати сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ аҳамияти ҷаҳонӣ доранд. Бинобар ҷаҳонишавӣ ва тиҷорати байналмилалӣ интиқоли маҳсулотҳои воридотӣ, содиротӣ ва транзитӣ нақши хеле муҳимро мебозанд. Аз ин сабаб, таъсиси механизмҳои самараноки назоратӣ, ошкори саривақтӣ ва вокуниш барои пешгирӣ кардани хатарҳои эҳтимолӣ  ба саломатии аҳолӣ ва таъсироти оқибатҳои иқтисодӣ аҳамияти муҳим доранд,”гуфт Олег Гучгелдиев, Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.

 

Ин фаъолият талошҳои ҳукуматро бобати эҷоди тавонмандии ташхисии лабораторияҳои миллӣ дар саросари кишвар барои ошкор ва гузориш додан ҷонибдорӣ мекунад.

 

Бо амалӣ намудани ин лоиҳа ФАО ва ИА системаи мукаммалшудаи назорати сифат ва бехатарии озуқавориро дар Тоҷикистон интизоранд, ки амнияти озуқаворӣ, некӯаҳволии мардум ва даромади хоҷагиҳои чорводориро баланд мебардоранд ва саломатии мардумро ҳифз мекунанд.

 

 

 

ТАМОС:

Бунафша Азимова
Мутахассиси кор бо ВАО
ФАО Тоҷикистон
Тел: +992 93 577 33 73
E-mail:
Bunafsha.Azimova@fao.org  

 

Қисми муҳаррирон: