Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳофизони сарҳад аз нигоҳи кӯдакон: барномаи БОМКА озмуни расмҳоро ҷамъбаст намуд

Bruxelles, 08/07/2016 - 00:00, UNIQUE ID: 160718_8
Press releases

Санаи 8 июл аз ҷониби барномаи Иттиҳоди Аврупо “Мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ” (БОМКА) дар Тоҷикистон маросими мукофотонидани ғолибони озмуни рассомии “Кормандони сарҳад”, ки дар доираи барномаи мазкур қаблан эълон гардида буд, баргузор гардид. Озмун санаи 15 майи 2016 с. эълон гардида кӯдакони синну соли аз 9 то 14 соларо даъват намуд нигоҳи худро оид ба фаъолияти рузмараи муҳофизони сарҳад ва ҳаёти онҳо дар шакли эҷодӣ пешкаш намоянд.

Ҳадафи асосии озмуни мазкур ин баланд бардоштани тасаввуроти мардуми оддӣ оид ба фаъолияти мақомоте, ки дар сарҳади давлатӣ адои хизмат менамоянд ва бо ин роҳ мусоидат намудан ба такмили андешаронии мусбӣ аз тарафи кӯдакон нисбати муҳофизони сарҳад, инъикос намудани касбият ва ҳамкорӣ байни муҳофизони сарҳад ва аҳолӣ, ва водор намудани кӯдакон ба нишон додани истеъдоду эҷодкории худ ба ҳисоб мерафт.

Дар ҷамъ 9 расм ба барномаи БОМКА дар Тоҷикистон ворид шуд. Ҳайати ҳаккамон иборат аз корманди Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи БОМКА дар Тоҷикистон  ва намояндаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се нафар ғолибони озмунро якдилона интихоб намудаанд: ҷойи 1-умро Умед Қрбоназар (12 сола, ш.Душанбе), ҷойи 2-юмро Муниса Раҷабова (10 сола, ш.Душанбе) ва ҷойи 3-юмро Азизҷон Холов (11 сола, ноҳияи Рӯдакӣ) ишғол намуданд. Дар баробари ғолибон, кӯдакони ширкатварзида бо тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷумла лавозимоти рассомӣ ва тӯҳфаҳои махсус аз ҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мукофотонида шудаанд. Ба ҳар як кӯдаки ширкатварзида ифтихорномаи фахрӣ супорида шуд.

Нахустин чорабиниҳои барномаи БОМКА дар Осиёи Марказӣ соли 2003 оғоз гардида то ба имрӯз шарикӣ байни барнома ва ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мусоидат ба идораи сарҳадот қавӣ гардидааст. Тӯли солҳои 2003-2014 Иттиҳоди Аврупо барои татбиқи барномаи БОМКА 33,6 млн. евро ҷудо намуда барои амалисозии марҳилаи 9-ум (2015-2018) наздики 5 млн. евро пешбинӣ шудааст.

;album_id=1270240449666617

Қисми муҳаррирон: