Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Консорсиуми барномаи Иттиҳоди Аврупо “Рушди деҳот” дар водии Зарафшон кӯҳҳои Фон - Ҳафткул “Иқдоми тозакунии соҳилҳо”-ро ташкил кард

02/09/2019 - 11:51
Publications

Консорсиуми барномаи Иттиҳоди Аврупо “Рушди деҳот” дар водии Зарафшон кӯҳҳои Фон - Ҳафткул “Иқдоми тозакунии соҳилҳо”-ро ташкил кард.

EU WHH Cleaning camp - TJK

 

Консорсиуми лоиҳае, ки аз тарафи Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ карда шудааст ва бо номи “Тақвият бахшидани Идоракунӣ ва Ҳифзи Манбаъҳои Обӣ ва Табии болооби Ҳавзаи дарёи Зарафшон” эътироф шудааст, маъракаи навбатии тозакунии соҳилҳоро ташкил карданд. Соли ҷорӣ, ташкилоти Итолиёвӣ - Чезвӣ – яке аз шарикони Консорсиуми Агроаксияи Олмон, якҷоя бо ҳамроҳии Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент, маъракаи тозакунии соҳилҳоро сардорӣ карданд. Тозакунӣ асосан дар соҳилҳои кӯлҳои 2-3-ум, ҳамчунин дар кӯли 7-ум иҷро шуд.

 

Ташкилкунандагон аз тарафи гурӯҳи калони ихтиёрии ташкилоти “Ҷавонони пешсаф”- и шаҳри Панҷакент ва бо сокинони маҳаллии деҳаҳои наздики Рашнаи поён ва Сои Марғузор дастгирӣ карда шуданд. Ҳамзамон, намояндагони МНДСЭ ва Маркази сайёҳии Зарафшон, намояндагони ҷамоати деҳоти Шинг ва ширкати “Садо ва Симо”- и шаҳри Панҷакент низ иштирок карданд.

 

Кӯлҳои кӯҳҳои Фон яке аз ҷойҳои сайёҳии тамошобоб буда, муттаассифона гирду атрофи он аз бепарвоии меҳмонон зарар дида истодааст, чун меҳмонон партовҳои дар натиҷаи истироҳат ба вуҷуд омадаашонро ба ҷои он ки бо худ ба шаҳр баранд, ба соҳилҳои кӯл мепартоянд. Бинобар ин, дар доираи лоиҳаи дар боло зикршуда, ташкилоти Чезвӣ дар ҳамкорӣ бо деҳаҳои Рашнаи поён ва Сари сангпул, партовгоҳҳои хурдро, ки аз се қисм иборат аст, сохта ба истифода доданд. Дар ин маъракаи тозагӣ, ҳамчунин омӯзишҳоҳо оиди дуруст тақсим кардани партовҳо ва коркарди онҳо гузаронида шуд.

 

Ташкилкунандагон ва иштирокчиён умед доранд, ки аҳолӣ ва махсусан меҳмонони ба ин манзил ташрифоранда, аз ин мушкилӣ хабардор мешаванд, ва барои тоза нигоҳ доштани ин манзараи дилфиреб саъю кушиши худро равон месозанд.

 

Тамос:

Консорсиуми WHH 

Йоахим Бёниш 

Ҳамоҳангсози лоиҳа  

кӯчаи Рӯдакӣ, ноҳияи Айнӣ, Тоҷикистон 

адреси электронӣ: Joachim.boenisch@welthungerhilfe.de

Қисми муҳаррирон: